joomla
free templates joomla

НИГОҲЕ БА БЕМОРИҲОИ ГУЗАШТАИ ВИРУСИ ҲАМГИР ВА ИМРӮЗА COVID – 19

          Банӣ Одам аъзои як пайкаранд,

          Ки дар офариниш зи як гавҳаранд,

   Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

          Дигар узвҳоро намонад қарор... Саъдӣ

    Вируси ҳамгири  COVID – 19 имрӯз тамоми давлатҳо ва мардуми ҷаҳонро ба ташвиш овард, ҳар фардро ба андешаҳои зиёде водошт: чӣ мешуда бошад, оё ман мубталои ин вирус мегардам, мабодо дар натиҷаи гирифторӣ, ман ҳам бимирам ва орзуҳои зиёдам ҷомаи амал напӯшад... ё ин ки фарзандонам, наздиконам гирифтори он нагардад ва садҳо дигар саволҳо имрӯз ҳамаи моро лаҳзае ором намегузорад. Айни замон, хабарҳои ҷаҳонию дохили давлат, пайвандону наздикон, дӯстону ҳамкорон ва умуман, атрофи мо бимнок аст, зеро аз шунидани марги нафаре, ки лаҳзае пеш ё ин ки дирӯз ва наздик ба он рӯзе суҳбат доштӣ, имрӯз дигар дар байни мо нест. Умри одамӣ, аҷаб кутоҳ аст...

 

Ашк як лаҳза ба мижгон бор аст,

Фурсати умр ҳамон миқдор аст.

 

Замоне фаро расид, ки давлатҳои абарқудрат ба монанди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Чин, Фаронса, Инглистон, Русия ва дигар давлатҳо дар назди он оҷизанд, сари ҳалли як масъалаи муҳим – ҳифзи ҳаёти одамӣ талош менамоянд.

 Инак, COVID – 19 имрӯз дар ҷаҳон тибқи номаш дар тамоми дунё «подшоҳӣ дорад»: дар миёни мардум ваҳму ҳаросро паҳн карда, даҳони ҳамаро баст, аз рафтуои меҳмонӣ, сайругашту сафарҳои дуру наздик боздошт, ба хонанишинӣ, балки кунҷи узлат ихтиёр кардан маҷбур кард. Акнун ҳар банда андешида қадам мегузорад, дар зарурат сухан мегӯяд ва аз хона танҳо барои хариди хӯрока ва ё доруворӣ мебарояд, айни замон на танҳо сарҳади байни давлатҳо, балки сарҳади байни одамӣ бояд масофаи муайяне дошта бошад. Дар майдони далерон ин замон духтурон ва ҳамшираҳо бо ин вирус дар набард буда, барои ҳаёти ҳар фард дар мубориза, ҳаёти хешро низ зери хатар мегузоранд. Имрӯз вобаста ба вируси амалкунанда муносибати мардум ба зиндагӣ тағйир ёфт, арзишҳои одии одаму одамгарӣ,  муносибати дуруст ва шинохти қадри ҳамдигар, нисбати якдигар нигоҳ доштани эҳтиром, расидан ба қадри зиндагӣ, беҳдошти саломатӣ ва риояи тозагӣ, на танҳо хеш, балки манзилу муҳити зист, ба ҳукми қонун даромад. Одамӣ ин замон ба дидори якдигар пазмон шуд, ки чеҳра зери ниқоб дорад. Шоири бузурги мо, Лоиқ Шералӣ ба ин маънӣ нисбати шарофати дидори рӯйи одамӣ чӣ хуб фармудааст:

Субҳи ман аз рӯи шамси Ховарон

Хандонрӯ бар рӯи олам медамад.

«Рӯи олам дидан одам дидан аст»,

Субҳи ман аз рӯи одам медамад.

           Бале,  рӯйи оламро бо дидори одам метавон дид, вале вируси ҳамгири COVID – 19  имрӯз одамиро аз дидору озодӣ маҳрум кард. Дар мамлакатҳо паҳнашавии ин вирус аз Чин маълум шуд, ки мамлакатҳои Аврупо, шаҳри Ню-Йорк ва мавзеъҳои шарқию ғарбии  Амрико ва баъдан ба  Русия паҳн гардид.  Тоҷикистон низ истисно нест, вале ҷараёни паҳншавии вирус дар мо хеле дертар ба амал омад. Оё мардум интизор буд, ки чунин як вируси сироятӣ дар замони мо, асри XXI ба вуҷуд меояд? Агар ба таърихи гузашта назар кунем, хоҳем дид, ки вируси ҳамигир ҳанӯз дар гузаштаи дур, замони асримиёнагӣ дар миёни мардум паҳн шуда, боиси талафоти зиёди ҳаёти одамӣ гардида буд.

Дар охири асри Х ва нимаи аввали асри XI дар замони зисти яке аз донишмандони бузург ва маъруф Абӯалӣ Ибни Сино, ки ҳамчун ахта­рши­носкимиёдонзаминшиносмантиқдон, деринашинос (палеон­толог), риёзидонфизикдоншоирравоншиносфай­ласуф ва адиби бузурги форсу машҳур аст, вируси паҳншаванда – вабо паҳн шуда буд.

        Абуалӣ ибни Сино бузургтарин донишманди форсу тоҷик, ки дар ҷаҳон бо номи Авитсена машҳур аст, то ба имрӯз асарҳои ӯ, ба монанди  «Китобу-ш-шифо» ва «Китобу-л-қонун фит-тибб» шуҳрати ҷаҳонӣ доранд.  Сино, хусусан, дар рушди илми тиб, ки беш аз 40 асар дар ин соҳа навиштааст, дар асоси омӯзиши таҷрибаҳои хеш, илми пизишкии олими юнонӣ Гален, метафизикаи Арасту, илми пизишкии Эрони бостонБайнаннаҳ­райн ва Ҳинди бостон, саҳми бузург гузоштааст.  Ҳанӯз дар ҳамон замон вируси сироятие (вабо), ки танҳо аз одам ба одам мегузарад, Абӯалӣ ибни Сино роҳҳои пешгирӣ ва дафъ кардани он, чунин тавсияҳоро пешниҳод кардааст:

 

  1. Дар ибтидо одамонро аз воҳимаи он (вируси сироятӣ) халос кардан лозим аст, муҳиммаш он ки мардум натарсад;
  2. Хусусияти вируси сироятӣ он аст, ки аз як кас ба каси дигар мегузарад, тавассути салом кардан, ҳатто тавассути мӯйи сар. Ҳамчунин вирус ба воситаи ҳаво паҳн мешавад, бино бар он, мардум набояд, ки дар як ҷо ҷамъ шаванд (манзур, ҳатто намозҳои ҷамоатро манъ кардан лозим, ҳар кас намозашро дар хонаи худаш хонад, бастани бозорҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятие, ки мардум дар он ҷо гирд меоянд);
  3. Дар мавриди тангаҳо, бояд дар зарфи махсуси сиркодор тоза карда шаванд;
  4. Ҳар он кас, ки бемореро парасторӣ мекунад, ҳатман дар даҳон алафи талхи тхач (дар китоби “Канзи шифо” бо номи талхшувоқ ном бурда шудааст) нигоҳ дорад ва бо пахтаи дар сирко таршуда, даҳонашро маҳкам кунад;
  5. Доимо шустани дастҳо ва дар вақти аз ҷое омадан, баъд аз оббозӣ, иваз намудани сарулибос;
  6. Шустани зарфҳое, ки бемор истифода кардааст, бо маҳлули сирко;
  7. Муддати муайян, то замони коҳиш ёфтани вируси сироятӣ дар хона мондан (яъне эълони карантин).

 

      Донишманди бузург Абӯалӣ ибни Сино, ҳанӯз ҳазор сол қабл тавсияҳое, ки марбут ба паҳншавии вируси сироятӣ аст, амиқ омӯхта, роҳҳои пешгирии онро хеле дақиқ гуфтааст, ки дар замони имрӯз  вируси ҳамгири COVID -19 бояд ҳатман риоя карда шавад, зеро аввалин воситаи пешгирии гирифтории вирус буда, мардумро аз талафшавии зиёд нигоҳ медорад.    

       Доктори илмҳои фалсафа Муҳиба Маҳмадҷонова дар бораи он ки Ибни Сино дар замони худ, ҳангоми сирояти бемории вабо (тоун) ниқобҳои махсусро дар шакли минқори паранда тавсия дода буд, дар мақолааш маълумоти муфассал дода, аз ҷумла, дар хусуси ниқоб, ки имрӯзҳо пӯшидани он ба ҳукми қонун даромадааст, чунин маълумот меорад: «ниқоб, ки барои муҳофизат аз бӯи бад пешбинӣ шудааст, чун респиратор барои ҳифзи роҳҳои нафас аз газҳои зарарнок, вирусҳо ва сироятҳое, ки  тавассути қатраҳои ҳаво паҳн мешаванд, истифода мегардад. Ба ҷои сӯрохиҳои чашм дар он шиша мегузоштанд. Ин роҳи охирин ва ҳамзамон самарабахштарин маҳсуб мешуд. Хушбахтона, имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ аз мероси гаронбаҳои Ибни Сино хеле васеъ истифода мебарад. То ҳанӯз аз ҷониби донишмандони соҳаи тибби ҷаҳонӣ муроҷиатҳои зиёдеро нисбат ба дастрасии мероси гаронбаҳои Ибни Сино эҳсос менамоем. Хатарҳое, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро фаро гирифтаанд, ба монанди коронавирус бо ин ё он шакл ба ҷомеаи инсонӣ доимо таҳдид мекарданду мекунанд. Аз рӯи баъзе сарчашмаҳо, беш аз ду ё шаш ҳазор табибони номвари форсу тоҷик дар давраҳои то Сомониён, давраи Сомониён ва  баъди онҳо фаъолият менамуданд, ки машҳуртаринашон Закариёи Розӣ ва Ибни Сино мебошанд.Таҷрибаи мубориза бо амрози сорӣ-сироятӣ дар осори Сино махсус дарҷ гардидааст.  Он аз таҷрибаи имрӯзаи маъмул қариб, ки фарқи зиёде надорад".

       Бале, донишмандони бузург ва мероси гаронбаҳои онҳо дар сурати омӯзиши амиқу дақиқ, метавонанд мардумро аз бисёр ҳодисаҳо ва гирифториҳои фалокатбор наҷот диҳад ва боиси рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа гардад. Пас, насли имрӯзаро бояд ба омӯзиши илмҳои гуногуни гузаштаву имрӯза пайваста талқин намоем ва худ низ аз он баҳра бардорем, зеро дар як оламу дар як ҷаҳон қарор дорем ва миёни инсоният дар сурати сар задани чунин паҳншавии ҷаҳонии вирусӣ гурез нест.

       Имсол, ҳатто вобаста ба вируси ҳамгири COVID -19 дар Арабистони Саудӣ маросими ҳаҷ бекор карда шуд, ки дар ягон давр ин ҳолат ба мушоҳида гирифта нашуда буд. Барои онҳое, ки бо ниқоб ҳам бошад, хондани намозро дар масҷидҳо суол карданд, Вазорати беҳдошти Арабистони Саудӣ бо назардошти босуръат паҳншавии вирус ва теъдоди умумии гирифтории дардмандони вируси ҳамгири COVID -19 масҷидҳоро баст ва маросими ҳаҷро барои соли 2020  бекор кард.

          Аз рӯйи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ одамӣ дар тамоми тӯли таърих дар замонҳои муайян аз авҷгирии вабои харобкор ранҷ мебурд. Ҳамгирии вабо дар қисми зиёди ҷаҳон аз водии Ганг паҳн шуда буд, ки ин бемории антикӣ хеле хуб маълум аст. Гармии тағйирнопазир, ифлос кардани оби дарёҳо ва ҷамъшавии оммавӣ, ҳангоми маросими ба монанди Кумбха Мела, боиси паҳншавии беморӣ дар сартосари субконтиненти Ҳиндустон гардид. Ҳарчанд дар Аврупо дар бораи вабо Гиппократ ва Гален навишта буданд, то асри XIX ,  ин беморӣ дар қисмати ҷануби Осиё маҳдуд шуда буд. Аз соли 1817 сар карда мавҷи мунтазами паҳншавии ҳамгирӣ оғоз меёбад, ки дар асри XIX нисбат ба бемориҳои дигар, ҳаёти бештари одамонро аз байн мебарад. Чунин тахмин вуҷуд дорад, ки сабаби ҳамгирӣ асоси тағйироти хусусияти ирсии организм барангезандаи вабо шудааст, ки дар Бангола дар «соли бетобистонӣ» рӯй дода,  дар натиҷаи шароити обу ҳавои ғайримуқаррарии соли 1816 ба амал омада буд.

Дар соли 1817 аввалин ҳамгирии вабо тамоми мамлакатҳои Осиёро фаро гирифта, то ба Астрахан расид. Танҳо дар Бангкок, ки беш аз 30 ҳазор аҳолӣ ҳалок гардида буд, шумораи умумии ҳалокшудагон аз пандемия бо рақамҳои шашкарата ҳисоб карда мешавад. Танҳо дар зимистони хунуки ғайримуқаррарии солҳои 1823-1824, ки ҳатто дар қисмати мамлакатҳои ҷануб дарёҳо як баста буд, имкон надод, ки беморӣ ба Аврупо дохил шавад.  Ҳамгирии дувум дар қисми даштҳои Ганга дар соли 1829 авҷ гирифта, 20 сол давом кардааст. Мукаммалии роҳҳои хабаррасонӣ, ҳаракати мунтазами армия ва савдои мустамликавӣ паҳншавии бемориро байни мамлакатҳо осон карда буд. Дар вақти ин ҳамгирӣ аввалин бор беморӣ Аврупо, ИМА ва Японияро фаро мегирад.

         Авҷи ҳамгирӣ дар Русия ба нимаи дуюми соли 1830 ва нимаи аввали соли 1831 рост меояд. Ҳамгирии сеюм, соли 1850 баробари сар задани ҷанги Қрим авҷ мегирад. Он замон танҳо дар Русия миқдори ба ҳалокатрасидагон беш аз миллионҳо одамонро ташкил дод. Ин ҳамгирӣ дар асри XIX аз ҳама марговар ба шумор мерафт. Дар моҳи сентябри соли 1854 пансад одам дар маркази Лондон мубталои он шуданд. Олимон ҳамагӣ ҳафт ҳамгирии ваборо муайян кардаанд.

 

  1. Ҳамгирии аввал, солҳои 1816-1824
  2. Ҳамгирии дувум, солҳои 1829-1851
  3. Ҳамгирии савум, солҳои 1852-1860
  4. Ҳамгирии чорум, солҳои 1863-1875
  5. Ҳамгирии панҷум, солҳои 1881-1896
  6. Ҳамгирии шашум, солҳои 1899-1923
  7. Ҳамгирии ҳафтум, солҳои 1961-1975

 

Вале тибқи сарчашмаҳои дигари таърихӣ ва адабӣ ҳамгирӣ дар асрҳои пешин, чунонки дар фавқ мушоҳида кардем, дар замони Абӯалӣ ибни Сино ба назар мерасад.

Дар соли 1905 дар стансияи карантинии Эл-Топ шакли нави барангезанда муайян карда шуд, ки ба он номи стансияро гузоштанд. Ҳамгирии ҳафтум, назар ба дигар ҳамгириҳо, тавассути вибриони Эл-Топ  ба вуҷуд омад. Дар асоси ба вуҷуд омадани ҳамгирӣ илм дар бораи бемории вабо ташаккул меёбад. Вақте ки дар қисмати армияи британиё, воқеъ дар Ҳиндустон, аввалин таҳқиқотҳо ба вуҷуд омаданд, ки роҳҳои пайдоиш ва муолиҷаи онро меомӯхтанд. Аммо дар миёнаҳои асри ХХ вабо ҳанӯз ҳам яке аз бемориҳои хавфноки ҳамгирӣ ба шумор меравад, ки садҳо ва ҳатто миллионҳо ҳаёти инсониро аз байн бурдааст.

С. Айнӣ дар бораи он ки дар Бухоро паҳншавии бемории ваборо дар ҳаёти хонаводагии худ чунин ба тасвир овардааст, ки ба тақсимоти дар фавқ буда, яъне фарогирии ҳамгирии шашум рост меояд: «Дар он сол дар музофоти Бухоро аҳволе рӯй дод, ки зиндагонӣ ва осоиши ҳамаро зеру забар кард: ин вабои умумӣ буд...

Дар аввалҳои тобистони соли 1306 ҳиҷрӣ[i] (дар моҳҳои июни соли 1889) дар Бухоро вабо пайдо шуда, муромурӣ сар шуд. Акаам бемор шуда ба қишлоқ баргашт, тағои муллом, ки хатми дарс карда буд ва дар шаҳр дарсгӯӣ мекард, мурд ва мурдаи ӯро ба қишлоқаш оварданд.

Дар андак вақт дар қишлоқҳо ҳам вабо паҳн шуд. Модарам дар сари мурдаи бародараш бемор шуд. Ман ӯро ба хона овардам, ки ду бародари хурдам ҳам дар қатори акаам бемор шуда хобидаанд ва аз миён чанд рӯз нагузашта падарам ҳам ғалтид.

 Дар тобистони соли 1893 (1310 ҳиҷрӣ) дар Бухоро боз вабо пайдо шуд. Мардум мегуфтанд, ки ин вабо аз вабои соли 1889 сахттар аст (С. Айнӣ, Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам).

 Дар замони ҳозира вабо дар мавриди ҳодисаҳои ҷудогона дар давлатҳои камбағал, хусусан  ҳангоми офати табиӣ, масалан, зилзила, ба қайд гирифта шуда буд.  Ҳамин тариқ, эпидемияи дар Гаити баамаломада дар моҳи октябри соли 2010 7% аҳолии ин давлатро фаро гирифта ва дар моҳи май 9700 ҳаёти одамиро аз байн бурдааст.

         Бояд гуфт, ки дар муддати вируси ҳамгири COVID – 19 яке аз воситаҳои таъсирнок ва пуриқтидор хабарҳои дар интернет буда ва созандагони «фейк» мебошанд,  ки аз имкон ва эътиқоди мардум ба дин истифода бурда, ҳар гуна маълумот ва навору суратҳои бардурӯғро ворид мекунанд, ки мардум бояд зинҳор ба чунин хабарҳо бовар накунад. Ба ин гуна афрод Аттори бузург фармудааст:

  Кардаӣ аз васваса пуршӯр дил,

  Ҳам бибин як айби худ, ай курдил!

  Чанд ҷӯйи дигаронро айб боз?

  Айби худ боре биҷӯ аз ҷайб боз.

 То чу бар ту айби ту ояд гарон,

  Навбадат парвои айби дигарон.

         Ҳамин тавр, аз маълумотҳои мавҷуда оид ба паҳншавии бемориҳои вирусӣ бармеояд, ки асоси барангезиши он асосан ифлосӣ, тоза нигоҳ надоштани муҳити зист, табиат, об, риоя накардани одитарин гигиенаи шахсӣ мебошад, ки инсоният барои бартарафии он масъул мебошад, зеро ояндаи ҳастӣ ва мавҷудияти ҷаҳониён дар рӯйи замин имрӯз боиси нигаронӣ аст.

       Шаҳрвандони муҳтарам, барои рафъи вируси ҳамгири COVID – 19 дар Тоҷикистон ва солим нигоҳ доштани саломатии  пайвандону наздикон ва тамоми аҳли ҷомеа мебоист одитарин қоидаҳои гигиена ё ин ки беҳдошти шахсиро иҷро кард, ки аз он имрӯзҳо тавассути телевизион, радио, интернет, рӯзномаву маҷаллаҳо пайваста маълумот дода мешавад. Тоза ва озода нигоҳ доштани на танҳо ҷойи истиқомат, манзил, балки атрофи зист, ҷойи кор ва умуман шаҳри азизамон, балки оқилона муносибат кардан нисбат ба вазъи ба амаломада ва хатари таҳдидшудаи ба одамият, ба ману шумо, азизон, иртиботи қавӣ дорад. 


[i]Ҳиҷрӣ  – солшумории мусулмонон аст, ки аз соли 622 мелодӣ шурӯъ мешавад.

 Ҳошимова Хуршеда, номзади илмҳои филологӣ,

муовини директори Институти забон ва адабиёти

ба номи Абӯабдулло Рӯдакии

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан