joomla
free templates joomla

ҲИСОБОТ оид ба семинари машваратии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати муҳокимаи масъалаҳои рушди минбаъдаи соҳаи дорушиносӣ ва дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

     10 июни соли 2020 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот ба кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли ҷорӣ баён гардиданд оид ба муҳокимаи масъалаҳои рушди минбаъдаи соҳаи дорушиносӣ ва дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари машваратӣ баргузор карда шуд.

     Дар кори семинар олимон ва коршиносони соҳаи дорушиносӣ ва дорусозӣ аз муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва роҳбарону намояндагони ширкатҳои дорусозии ватанӣ иштирок намуданд. Дар кори семинар ҳамчунин вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Заробиддин Қудрат, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддинзода Илёсиддин Ҷамолиддин ва муовини Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситора Шерзода ширкат намуданд.

     Дар семинар гузориши президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ оид ба дастовардҳои олимони Академияи миллии илмҳо дар самти омӯзиши гиёҳҳои шифобахш баррасӣ карда шуд. Дар гузориш зикр гардид, ки олами набототи Тоҷикистон анқариб 5 ҳазор намудро дар бар мегирад ва беш аз 2 ҳазору 500 намуди онҳоро гиёҳҳои шифобахш ташкил медиҳанд. Гуногунии гиёҳҳои шифобахши кишвар ва захираи бойи баъзе намудҳои онҳо барои рушди саноати дорусозӣ заминаи мусоид ба шумор мераванд. Новобаста ба ин, ҳанӯз аз ин захираҳо ба таври зарурӣ истифода бурда намешаванд. Беш аз 95% доруворӣ аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад ва захираҳои гиёҳҳои шифобахши кишвар аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ танҳо дар шакли банду басти аввалия ба фурӯш бароварда мешаванд.

     Зикр намудан зарур аст, ки зарурати рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон ба кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли ҷорӣ махсус таъкид карда шуд.

       Вобаста ба пандемияи бемории хавфноки сироятии COVID-19 дар миқёси олам, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ аз 28 феврали соли ҷорӣ ба истеҳсоли маводи гипохлорити натрий, ки қариб дар ҳама давлатҳои дунё ҳамчун маводи маъмули антисептикӣ барои безараргардонии вирусҳо васеъ истифода бурда мешавад, шуруъ намуд. Маводи мазкур ба беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои сироятӣ ба таври ройгон ва тибқи дархост ба муассисаҳои дигари тиббӣ ва ташкилоту корхонаҳои шаҳри Душанбе таъмин карда мешаванд. Айни замон дар озмоишгоҳи Академияи миллии илмҳо имконияти истеҳсоли то 10 тонна маҳлули гипохлорити натрий мавҷуд мебошад.

         Дар Академияи миллии илмҳо ҳамчунин бо усули электролиз истеҳсоли оби нуқра ба роҳ монда шудааст. Бояд зикр намуд, ки нанозарраҳои нуқра хусусияти зиддимикробӣ дошта, маводи хеле самараноки безараркунандаи вирусҳо ба шумор мераванд. Таъсири безараргардонии онҳо ба зиёда аз 650 намуди бактерияҳо исбот гардидааст. Илова ба ин, ионҳои нуқра ҳамчун иммуномодулятор масунияти организмро баланд ва хавфи сироят ёфтан аз бемориҳои сирояткунандаро маҳдуд мегардонад.

Таҷрибаҳои озмоишӣ нишон доданд, ки дар сурати ба маҳлули коллоидии нуқра ба таври махсус коркард намудани ниқобҳои тиббӣ, хилъат ва дастпӯшак, онҳо хосиятҳои зиддивирусӣ пайдо мекунанд. Нанозарраҳои нуқра ҳангоми шустушӯ аз матоъ ҷудо намешаванд ва то 6 моҳ таъсири зиддимикробии худро нигоҳ медоранд.

Айни замон аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон истеҳсоли оби нуқра ба сифати маводи зиддивирусӣ барои истифода бурдан дар ниқобҳои муҳофизатӣ пешниҳод карда мешавад.

         Олимони Академияи миллии илмҳо тӯли солҳои охир оид ба омӯзиши гиёҳҳои шифобахш як силсила корҳоро анҷом дода, Атласи гиёҳҳои шифобахши Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва ба чоп омода намудаанд, ки дар он оид ба хосиятҳои фармакологӣ ва имкониятҳои дар саноати дорусозӣ истифодаи 200 намуди гиёҳҳо маълумот гирд оварда шудааст. Олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳо дар натиҷаи омӯзиши хосиятҳои шифобахшии растании камоли тоҷикон собит намуданд, ки шира ва решаи ин растаниро ҳамчун маводи фаъоли биологӣ барои қавӣ гардонидани масунияти бадан истифода бурдан мумкин аст. Айни замон олимони Академияи миллии илмҳо дар ҳамкорӣ ба Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология» як қатор иловаҳои фаъоли биологӣ, аз қабили «Камолид», «Камолин», «Мукофер» «Седармон», марҳамҳои «Проктоферуол», «Херболит» ва «Ҳербитол»-ро таҳия намудаанд, ки ба роҳ мондани истеҳсоли онҳо дар саноати дорусозии ватанӣ метавонад ҳамчун маводи воридотивазкунанда ҷои баъзе иловаҳои фаъоли биологиро, ки аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, иваз намояд. Аз ҷониби олимони Академияи миллии илмҳо ҳамчунин аз растании явшон (ҷорубак) маводи фаъоли биологие дар шакли маҳлул ва қиём тайёр карда шудааст, ки хусусияти зиддибактериявӣ ва зиддивирусӣ дорад.

     Ихтирои дигари олимони Академияи миллии илмҳо дастгоҳи худсози нафскашии сунъӣ мебошад. Ин дастгоҳ дар асоси тарҳи электронии таҳиянамудаи олимони соҳаи физика сохта шудааст ва дар беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилӣ аз озмоиш гузаштааст. Ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии ин дастгоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастгоҳи тиббии воридотивазкунанда имконпазир аст.

     Дар семинар академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мироҷов Ғиёсиддин Қутбиддинович баромад намуда, оид ба нушобаи «Гулоби Ирам», ки аз ҷониби Маркази инноватсионии биология ва тибби Академияи миллии илмҳо ва Муассисаи давлати «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология» коркард карда шудааст маълумот дод. Зикр гардид, ки нӯшобаи «Гӯлоби Ирам» аз  навъи садбарги димишқӣ тайёр карда шудааст ва дар таркиби он маводи фаъоли биологӣ мавҷуд мебошад, асабро таскин мебахшад ва фаъолияти узвҳои ҳозимаро ба эътидол ва масунияти баданро қавӣ мегардонад. Барои ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии ин нӯшоба зарур аст, ки ширкатҳои ватанӣ ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамкории судмандро ба роҳ монанд. Аз ҷониби олимони Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастрэнтерология» ҳамчунин дар натиҷаи омӯзиши хосиятҳои прополис ва элементи рӯҳ маводи дорувории «Просинк»-ро ихтироъ карда шудааст, ки хосияти  зиддивирусӣ дошта, барои муолиҷаи бемориҳои музмини ҷигар (гепатити В ва С) пешбинӣ гардидааст.      

     Дар семнари машваратӣ вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Заробиддин Қудрат баромад намуда, ширкатҳои ватании дорусозиро барои ҳамкорӣ намудан бо олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи дастовардҳои илмӣ дар саноати дорусозӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд ба дорушиносон ва дорсозон  даъват намуд. Номбурда ҳамчунин таъкид намуд, айни замон зарурати таъсис додани Институти дорушиносӣ ва дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст.

     Дар семинари машваратӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ таъкид намуданд, ки рушди ояндаи саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо менамояд, ки санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар ин самт бознигарӣ карда шаванд. Зарурати дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти фармасевтӣ» ворид намудани тағйироту иловаҳо ба миён омадааст. Зарур аст, ки дар тавзеҳоти қонуни мазкур иловаҳои фаъоли биологӣ аз маводи доруворӣ ҷудо карда шаванд. Ворид намудани чунин тағйирот имконият медиҳад, ки раванди дар саноат ҷорӣ намудани истеҳсоли иловаҳои фаъоли биологӣ тезонида шавад.

     Дар семинари машваратӣ аз олимон, мутахассисони ва ширкатҳои дорусозӣ даъват ба амал оварда шуд, ки неруи худро барои рушду саноати дорусозии ватанӣ равона намуда, ҳамкории муштараки судмандро ба роҳ монанд.                

        

 

 

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан