joomla
free templates joomla

ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИЮ ТАШКИЛИИ РАЁСАТИ АМИ ҶТ

       Имрӯз 06.04.2020 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи умумӣ барпо гардид.

3.20.jpg - 91.61 KB

     Дар семоҳаи якуми соли 2020 Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ҷаласа доир намуд, ки дар онҳо 40 қарор ва беш аз 130 амр мансуб ба фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилӣ ва корҳои молиявиву хоҷагидории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд. Дар давраи ҳисоботӣ 1 маҷлиси умумии АИ ҶТ, 1 ҷаласаи васеи Раёсати АИ ҶТ, 2 маҷлиси тантанавӣ доир карда шуданд.
Нақшаи чорабиниҳои Раёсати АИ ҶТ оид ба иҷрои дастуру вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 баён шудаанд, таҳия гардида, мавриди иҷро қарор дода шуд.
Аз ҷумла, вобаста ба ташвиқу тарғиби Паём, рӯзи 10 январи соли 2020 дар Маҷлиси умумии солонаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иштироки директорон ва муовинони муассисаҳои илмии АИ ҶТ, котибони илмӣ ва ходимони илмии муассисаҳои илмии АИ ҶТ, намояндагони академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ доир гардид, президенти АИ ҶТ Ф.Раҳимӣ оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои Академияи илмҳо оид ба иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои ин Паём маърӯзаи муфассал намуд.

     Бо мақсади таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 зикр гардидаанд, чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла:
Банди 35. Дар ҳамкорӣ бо олимони давлатҳои хориҷӣ гузаронидани таҳқиқоту омӯзиш дар самти пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва муаррифӣ намудани дастовардҳои мамлакат дар ин самт.
Бо мақсади гузаронидани таҳқиқоту омӯзиш дар самти пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва муаррифӣ намудани дастовардҳои мамлакат дар ин самт, Академияи илмҳо дар соли 2020 доир кардани чорабиниҳои илмии байналмилалии зеринро дар ҳамкорӣ бо олимони давлатҳои хориҷӣ ба нақша гирифтааст:  1) Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи: «Хавфҳои табиии иқлимӣ ва тектоникӣ дар Осиёи Марказӣ». Ин конференсияро Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2020 ҳамроҳ бо Маркази илмҳо оиди Замин – GFZ (Потсдам, Олмон) ва Институти геологияи Донишгоҳи техникии Академияи кӯҳии Фрайберг (Олмон) доир менамояд, ки дар он беш аз 30 нафар олимони хориҷӣ иштирок хоҳанд кард. 2) Конференсияи илмии байналмилалӣ дар мавзӯи «Селобаҳо ва офатҳо: хатар, пешгӯӣ ва муҳофизат». Ин конференсияро Академияи илмҳо дар моҳи сентябри соли 2020 ҳамроҳ бо Агентии Оғохон оид ба макони зист доир менамояд, ки дар он 150 нафар олимон ва мутахассисони хориҷӣ иштирок хоҳанд кард.  3) Симпозиуми байналмилалии илмӣ дар мавзӯи «Таъсири тағйирёбии иқлим ба гуногунии биологӣ ва экосистемаҳо (дар мисоли Тоҷикистон). Ин конференсия бо дастгирии ЮНЕСКО бо иштироки олимон ва мутахассисони хориҷӣ моҳи октябри соли 2020 гузаронида мешавад.   Айни замон омодагириҳо барои дар сатҳи зарурии илмӣ ташкил намудани ин чорабиниҳо рафта истодааст. 

Банди 36. Дар доираи васеъ шарҳ додани аҳамияти ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, захираҳои об ва дастовардҳо дар самти бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, тавлиди «энергияи сабз», ки ба кам шудани партови газҳои гулхонаӣ мусоидат менамояд.    Дар ин самт олимони соҳаҳои физика, масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, технологияҳои нав, ҳамчунин олимони соҳаи иқтисодиёти Академияи илмҳо саҳми худро мегузоранд.
      Аз ҷумла, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳо ба нақша гирифтааст, ки бо иштироки беш аз 20 нафар намояндагони байналмилалӣ моҳи октябри соли 2020 Конференсияи илмиро дар мавзӯи «Истифодаи маҷмаавии захираҳои обӣ-энергетикии Осиёи Марказӣ дар шароити тағйирёбии глобалии иқлим» доир намуда, дар он аҳамияти ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об, ҳамчунин захираҳои об ва дастовардҳо дар самти бунёди неругоҳҳои барқи обиро мавриди баррасӣ қарор диҳад.
Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи илмҳо нақша дорад, ки бо ин мақсад Конференсияи ҷумҳуриявии илмии «Рушди инноватсионии илм»-ро бо иштирокчиёни байналмилалӣ доир карда, дар он дастгоҳҳои сохтаи олимон ва мутахассисони Марказро оид ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия муаррифӣ намояд. 

      Олимон ва мутахассисони Институти физика ва техникаи Академияи илмҳо оид ба масъалаи тавлиди «энергияи сабз», ки ба кам шудани партови газҳои гулхонаӣ мусоидат менамояд, таҳқиқот гузаронида истодаанд.
Банди 62. Ба забонҳои байналмилалӣ тарҷума ва чоп кардани китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва тавассути шабакаҳои иттилоотӣ паҳн кардани шакли электронии он. Бо ин мақсад корҳо идома доранд. Ҳамчунин шурӯъ аз 3 январи соли 2020, ҳар рузи сешанбе дар толори АИ ҶТ бо иштироки кормандони Раёсати АИ ҶТ ва муасисаҳои илмии АИ ҶТ қироати китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба роҳ монда шуд.

     Бо мақсади баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури техникии аспирантону магистрантҳои АИ ҶТ, ҳамчунин баррасӣ кардани баъзе масъалаҳои муҳими илмӣ, аз 3 январи соли 2020 дар Раёсати Академияи илмҳо ҳар ҳафта, рӯзҳои чоршанбе бо иштироки кормандони муассисаҳои илмии АИ ҶТ, муассисаҳои академияҳои соҳавӣ, магистрантҳою аспирантҳои АИ ҶТ, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва донишҷӯёни онҳо семинарҳои яксоата ташкил карда шуданд, ки дар онҳо масъалаҳои гуногуни илмӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода мешаванд.

     Рӯзи 11 феврали соли 2020 дар Маркази ҷумҳуриявии матбуот нишасти матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони воситаҳои ахбори умум доир гардид, ки дар он президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Раҳимӣ оид ба дастовардҳои илмии олимони Академияи илмҳо дар соли 2019 гузориши муфассал намуд. Дар нишасти матбуотӣ байни олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори умумии ҷумҳурӣ табодули назари самарабахше дар бораи фаъолияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои илмии тобеи он, ояндаи рушди илми ҷумҳурӣ, коркардҳои илмӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот ва масъалаҳои дигари муҳими илмӣ сурат гирифт. Ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори умум президенти Академияи илмҳо ва роҳбарони муассисаҳои илмӣ посух доданд. Маълумот дар бораи натиҷаи нишасти матбуотӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо олимон ва аҳли эҷоди кишвар (18 марти соли 2020), Раёсати АИ ҶТ нақшаи умумии таъмини иҷрои ин супоришҳоро таҳия намуд, ҳамчунин матни суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли китобча бо теъдоди 500 нусха ба нашр расонида шуда, дастраси ҳамаи аъзои Раёсати АИ ҶТ ва мудирони шуъбаҳои он, роҳбарони муассисаҳои илмии АИ ҶТ гардонида шуд. Бо мақсади таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва муайян кардани сохтори минбаъдаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Комиссияи оинномавӣ таъсис дода шуд ва он ба кори худ шурӯъ намуд. 

   12-13 марти соли 2020 дар АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳо табиатшиносӣ, дақиқ ва техникӣ” ба мақсади баланд бардоштани шавқу ҳаваси донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва техникӣ ва муайян намудани донишҷӯёни болаёқат барои минбаъд ба соҳаи илм ҷалб намудани онҳо, бори панҷум Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуд. Олимпиада дар ду давр аз рӯи 7 соҳаи илм доир карда шуд. Даври якум аз 15 феврал то 1 марти соли 2020 дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ва даври дуюм аз 12 то 13 марти соли 2020 дар АИ ҶТ гузаронида шуд. Дар даври дуюм аз 27 муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ қариб 140 нафар донишҷӯён иштирок намуданд. Дар натиҷа бо қарори Кумитаи тадорукоти Олимпиада 13 нафар донишҷӯёни беҳтарин ғолиби ҷойи якум бо гирифтани «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», 22 нафар ғолибони ҷойи дуюм ва 23 нафар ғолибони ҷойи сеюм бо дипломҳо сарфароз гардонида шудаанд. Қариб 60 нафар донишҷӯёне, ки ҷойҳои 4 то 5-умро сазовор гардиданд, бо «Ифтихорномаҳои АИ ҶТ» қадрдонӣ карда шуданд.
Дар семоҳаи якуми соли 2020 ба АИ ҶТ ҳамагӣ беш аз 1200 ҳуҷҷат, аз ҷумла қарорҳои Ҳукумати ҶТ, Фармонҳои Президенти ҶТ, фармоиш, протокол, нусха аз протоколи Ҳукумати ҶТ, Амр ва Фармоишҳои Президенти ҶТ, супоришҳои Ҳукумати ҶТ, мактубҳо аз вазорату кумита ва идораҳои ҶТ, аз корхонаҳои гуногуни ҶТ, аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе, аз Академияҳои илмҳои давлатҳои аъзои ИДМ ва ташкилотҳои гуногуни ИДМ, мактубҳо аз хориҷи дур ва аз муассисаҳои илмии АИ ҶТ барои баррасӣ ва иҷро ворид гардиданд. Аз ин миқдор 507 ҳуҷҷат барои маълумот ва корбарӣ ирсол гардидааст. Раёсати АИ ҶТ ҳамроҳи муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намуди маълумотнома, шартномаву созишнома, гузоришот, хулосаҳои экспертӣ, лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттилооти дигар қариб 584 ҳуҷҷатро дар муҳлатҳои муқарраргардида иҷро намуд.
Дар семоҳаи аввали соли 2020 аз ҷониби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи санадҳои зерини ҳамкорӣ таҳия гардида, барои баррасӣ ва мувофиқа бо ҷониби дигар ва вазорату идораҳои дахлдори кишвар ирсол шудаанд ва феълан дар баррасии вазорату идораҳо қарор доранд: 1. Лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тасдиқи Созишнома дар бораи ҳамоҳангсозии муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаи таҳқиқоти бунёдии давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои мустақил (Созишнома 31 майи соли 2019 дар шаҳри Ашқобод ба имзо расидааст);
2. Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти аврупоии муколамаи Авруосиё.
Ҳамчунин дар ин давра бо муассиса ва ташкилотҳои зерини хориҷӣ санадҳои меъёрӣ оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд:
Протокол оид ба ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Урали ҷанубӣ (Федератсияи Россия);
Ёддошти тафоҳум байни ИОМДОА Академияи илмҳо ва Донишгоҳи иёлоти Небраскаи ИМА;
Протокол оид ба ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологияҳои саноатии Калингаи Ҳиндустон;
Протокол оид ба ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Оғохон оид ба макони зист.
Дар семоҳаи соли ҷорӣ роҳбарияти АИ ҶТ ва шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ бо мақсади таҳкиму густариши ҳамкориҳои илмӣ бо намояндагони ташкилоту муассисаҳои илмии хориҷӣ, корпусҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои хориҷии муқими Тоҷикистон вохӯриҳои зеринро доир намуд:
Бо Сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Вирадж Сингх;
Бо роҳбари намояндагии Агентии Оғохон оид ба макони зист дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳодӣ Ҳусайнӣ;
Бо роҳбари Департменти робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи технологияҳои саноатии Калингаи Ҳиндустон ҷаноби Раҳул Вирма;
Бо намоядагони сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Абдул Сами ва хонум Манита;
Бо муовини ректори Донишгоҳи давлатии Урали ҷанубӣ (Федератсияи Россия);

         Бо намояндагони лоиҳаи JICA (Ҷопон).

       Дар ин муддат Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифу пешниҳодҳои муассисаҳои илмии худро вобаста ба ҳамкориҳо дар доираи ҷаласаҳои Комиссияҳои байниҳукуматӣ бо Гурҷистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Покистон, Италия, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои мавриди таваҷҷӯҳ ирсол карда шуд ва дар ҷаласаҳои корӣ намояндагони салоҳиятдор дар сатҳи сардори Раёсат ва ноибони президенти Академияи илмҳо намояндагони салоҳиятдор иштирок намуданд.

     Дар семоҳаи аввали соли 2020 Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои ҷумҳурӣ 106 пешниҳод ва хулосаҳои худро оид ба ҳамкории байналмилалии илмӣ ва илмию техникӣ бо давлатҳои аъзои ИДМ, СҲШ, Иттиҳоди ҳамкориҳои иқтисодии АвроОсиё ва давлатҳои хориҷи дур ва наздик омода ва пешниҳод намуд.
Дар ин давра барои унвонҷӯён ва олимони хориҷӣ 12 раводид таҳия гардида, 12-нафар олимони хориҷӣ дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд ва 2 нафар кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Шӯъбаи робитаҳои байналмилалии АИ ҶТ шиносномаи хориҷӣ (биометрӣ) гирифтанд.

     Тавассути Шӯъбаи робитаҳои байналмилалии АИ ҶТ 22 нафар корманди АИ ҶТ ба сафари хизматӣ барои коромӯзӣ, иштирок дар конференсияҳои илмӣ, симпозиумҳо, семинарҳо, форумҳо, хондани лексияҳо ва ҳамчунин гузаронидани таҳқиқоти муштараки илмӣ ба давлатҳои хориҷӣ фиристонида шуданд ва 15 нафар муҳаққиқони хориҷӣ ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

       Кадрҳои илмӣ ва тайёр кардани онҳо

   Дар муассисаҳои илмии АИ ҶТ то 1 апрели соли 2020 ҳамагӣ 2059 нафар кор мекарданд, ки аз онҳо 1197 нафар корманди илмӣ мебошанд. Аз шумораи умумии кормандони илмии АИ ҶТ 851 нафарро кормандони илмии бастӣ (156 доктори илм, 272 номзади илм ва 463 нафар кормандон бе дараҷаҳои илмӣ) ва 319 нафарро кормандони илмии ҳамкор (79 доктори илм, 108 номзади илм ва 119 нафар кормандон бе дараҷаҳои илмӣ) ташкил медоданд.
Аз шумораи умумии кормандони АИ ҶТ 105 нафар дар Раёсати АИ ҶТ кору фаъолият менамоянд, ки 35 нафари онҳо соҳиби дараҷаҳои илмии доктори илм ва номзади илм мебошанд.
Дар ҳамин сана шумораи аъзои АИ ҶТ 86 нафарро ташкил дод, ки аз онҳо 34 нафар академик ва 52 нафар узви вобаста мебошанд.
Ба ҳайати АИ ҶТ 27 аъзои хориҷӣ шомил мебошанд. Аз шумораи умумии кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 739 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки аз ҷумлаи онҳо 20 доктори илм, 99 номзади илм мебошанд.

     Дар соли хониши 2019-2020 дар курсҳои якум ва дуюми шуъбаи рӯзонаи магистратураи Академияи илмҳои ҶТ дар 14 институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ, 3 Маркази илмӣ, 1 Хазинаи мероси хаттӣ ва Кафедраи забонҳои хориҷӣ 447 нафар магистрантҳо аз рӯи 46 ихтисос таҳсил намуда истодаанд, ки аз ин 141 нафар ё 31,5%-ро духтарон ташкил медиҳанд.

    Дар давраи ҳисоботӣ бинобар сабаби мунтазам иштирок накардан дар дарсҳо, насупоридани сессияи зимистона, баромадан ба рухсатии академӣ 28 нафар магистрантони курсҳои 1-ум ва 2-юми шуъбаи рӯзонаи институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз магистратураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда шуданд.
Барои самаранок ба роҳ мондани раванди таълим дар магистратураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷадвали дарсҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо журналҳои гуруҳӣ, нақшаҳои инфиродии магистрантон, рӯзномаҳои таҷрибаомӯзӣ таъмин карда шуда, мавзӯъҳои рисолаҳои илмии магистрантон дар Шӯроҳои илмии муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ тасдиқ ва роҳбарони илмии онҳо таъин гардида, магистрантони эҳтиёҷманд ба ҷойи зист бо хобгоҳ таъмин карда шудаанд.
Тибқи нақшаҳои таълимӣ дар соли 2020 магистрантони курсҳои 2-юм аз 03 феврал то 02 март ба таҷрибаомӯзии илмӣ-истеҳсолӣ дар институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ фаро гирифта шуда буданд. Дар муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ магистрантон тибқи барномаҳои таҷрибаомӯзӣ фаъолият намуда, баъди ба итмом расидани муҳлати таҷрибаомӯзӣ ба мудирони шӯъбаҳо ва лабораторияҳо ҳисобот оид ба таҷрибаомӯзӣ пешниҳод намудаанд.

     Айни замон, вобаста ба натиҷаи ҷамъбасти сессияи зимистона дар шӯъбаи рӯзонаи магистратураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 447 нафар магистрантҳо таҳсил намуда истодаанд, ки ин вобаста ба шӯъбаҳо чунин мебошад:
-дар шӯъбаи илмҳои физикаву математика, кимиё, геология ва техникӣ – 143 нафар; -дар шӯъбаи илмҳои биология ва тиб – 35 нафар;
-дар шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ – 269 нафар.

     Аспирантура ва докторантура PhD ва докторантураи анъанавӣ.
Дар давраи ҳисоботӣ дар 19 муассисаҳои илмӣ–тадқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 67 нафар аспирантони рӯзона ва 85 нафар аспирантони ғоибона таҳсил намуда истодаанд.
Шумораи аспирантон вобаста ба шуъбаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин аст:

-дар шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ – 29 нафар аспирант, аз ин шумора 19 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 10 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил доранд.
-дар шуъбаи илмҳои биология ва тиб бошад, 23 нафар аспирантон таҳсил намуда истодаанд, ки аз ин шумора 11 нафарашон дар шуъбаи рӯзона ва 12 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд.
-дар шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ бошад 100 нафар аспирантон таҳсил дошта, аз ин шумора 37 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 63 нафар дар шуъбаи ғоибона шомил мебошанд.
Ҳамчунин, аз шумораи умумии аспирантон 50 нафар ё 34,0%-ро занҳо ташкил медиҳанд.

    Дар докторантураи анъанавии институтҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол 8 нафар докторант таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 1 нафар зан мебошад. Мутаносибан, 2 нафар докторант дар шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ, 2 нафар докторант дар шуъбаи илмҳои биология ва тиб ва 4 нафар докторант дар шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул мебошанд.
    Оид ба унвонҷӯён. Дар шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ, шуъбаи илмҳои биология ва тиб ва шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ҳамагӣ 188 унвонҷӯён ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул мебошанд.
Докторантураи (PhD), докторантура аз рӯи ихтисос. Айни замон, дар зинаи докторантураи (PhD), докторантура аз рӯи ихтисос дар институтҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 139 нафар докторанти PhD таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 71 нафар дар курси якум, 48 нафар дар курси дуюм ва 20 нафар дар курси сеюм машғули корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебошанд.
Докторантони PhD аз рӯи 23 равияи илм дар 16 муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он ҷумла, илмҳои математика, информатика, физика, химия, геология, сайёҳӣ, гидрология, метеорология, экология, сохтмони гидротехникӣ ва иншоот, биология, таърих, сиёсатшиносӣ, сотсиология, ҳуқуқшиносӣ, фалсафа, филология, иқтисодиёт, иқтисодиёти ҷаҳон, иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ (тибқи соҳаҳо), идоракунии лоиҳаҳо, идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ба фаъолияти илмию таълимӣ машғул мебошанд.

    Шумораи умумии занҳо 39 нафар буда, 28,1%-ро ташкил медиҳад.
Мавзӯъҳои илмии ҳамаи докторантони PhD дар Шӯрои олимони институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ тасдиқ гардида, онҳо бо ҳамроҳии роҳбарони илмӣ ба фаъолияти илмӣ шуруъ намуданд.
Ҷараёни таълим дар муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар асоси нақшаҳои таълимии 25 равияи илмӣ ба роҳ монда шудаанд.
Мувофиқи нақшаҳои таълимӣ аз 27 то 29-уми январи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аттестатсияи докторантони PhD-и курси 2-юм гузаронида шуд, ки аз 49 нафари онҳо 32 нафар мусбӣ баҳогузорӣ карда шуда, ба 17 нафар докторантони PhD бо назардошти камбудиҳои ошкоргардида то моҳи апрели соли ҷорӣ муҳлати омодагӣ дода шуд.

     Дар семоҳаи якуми соли 2020 дар 19 шӯроҳои диссертатсионии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми ФР тасдиқ шудаанд, 30 рисола, аз ҷумла 1 рисолаи докторӣ ва 29 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуд. Дар 4 шӯрои диссертатсионии АИ ҶТ ҳамагӣ 5 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шудааст.

    Фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ

Дар 3 моҳи соли 2020 1 ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии КИТ баргузор гардид, ки дар он дар бораи рафти гузаронидани экспертизаи лоиҳаҳои КИТ, ки ҷиҳати маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ барои соли 2021 пешниҳод гардидаанд ва ҷамъ овардани ҳисобот доир ба иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соли 2019, нақшаи кории Шӯро дар соли 2020 баррасӣ гардида, тасдиқ карда шуд.

      Ҷиҳати маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ барои соли 2021 ҳамагӣ 208 лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотӣ барои экспертиза пешниҳод гардид. Аксарияти лоиҳаҳо пас аз баррасии экспертҳои мустақил ва Комиссияҳои экспертӣ чанд маротиба такмил дода шуданд. Ҳамагӣ аз 208 лоиҳаи КИТ 48 лоиҳа дар даври 1 ва 22 лоиҳа дар даври 2-юм такмил дода шуданд. Дар натиҷаи кори 12 комиссияҳои экспертии 3 Бахши Шӯрои ҳамоҳангсозии КИТ аз 208 лоиҳаи нав барои маблағгузорӣ аз соли 2021 197 лоиҳа тавсия гардида, 11 лоиҳа баргардонида шуд. Қайд намудан лозим аст, ки Бахшҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии КИТ кори худро давом дода истодаанд ва ҳоло экспертизаи лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ давом дорад.
Ҳамзамон, дастгоҳи Шӯрои ҳамоҳангсозии КИТ корҳоро оид ба ҷамъбасти экспертиза барои соли 2021, гузаронидани Раёсати Шӯро, омода намудани лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ки аз буҷети давлатӣ барои маблағгузорӣ аз соли 2021 тавсия шуданд барои ирсол намудан ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлили ҳисоботҳои солона доир ба КИТ дар соли 2019 гузаронида истодааст. Шӯрои ҳамоҳангсозии КИТ барои нашри Маводи Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ва гузаронидани Сессияи Шӯро омодагӣ мебинад.
Дар соли 2020 ҳаҷми умумии маблағгузориҳои буҷетӣ ба АИ ҶТ 57404148 сомониро ташкил дод.

       ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИИ МУАССИСАҲОИ ИЛМИИ АИ ҶТ

   Дар семоҳаи якуми соли 2020 олимони Академияи илмҳо таҳқиқотро аз рӯйи 102 мавзӯъ, аз ҷумла 61 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 19 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 22 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, то ин замон натиҷаҳои зерин ба даст оварданд.

 Аз рӯйи натиҷаҳои илмии бадастомада дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои ҶТ 450 кори илмӣ, аз ҷумла 35 китобу монография, маҷмӯаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, 415 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ, аз онҳо 382 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 25 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва 8 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба нашр расиданд. 

   Дар ин давра аз тарафи олимони Академияи илмҳои ҶТ 4 нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 3 қарори мусбат оид ба нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шуд.
Барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот беш аз 10 коркард ва таклифу тавсияҳои олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

     Дар семоҳаи аввали соли 2020 бо ибтикори муассисаҳои илмию таҳқиқотии АИ ҶТ ҳамагӣ 18 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 5 конференсияи илмӣ, 9 семинари илмӣ, 2 мизи мудаввари илмӣ ва 2 мулоқоти расмӣ омода ва баргузор карда шуданд.
Дар ин давра кормандони институтҳои илмию таҳқиқотии АИ ҶТ дар беш аз 100 чорабинӣ: форум, конференсия, семинар ва мизи мудаввари илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштироку суханронӣ намуданд.

3.21.jpg - 135.58 KB

      Дар семоҳаи аввали соли 2020 кормандони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии АИ ҶТ бо мақсади таблиғи дастовардҳои соҳаҳои гуногуни илм ба воситаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ беш аз 300 маротиба дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла оид ба масъалаҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳамкориҳои илмӣ бо кишварҳои гуногун, саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи рушди иқтисодиёти рақамӣ дар ҷумҳурӣ, масоили марбут ба драматургия, кино, мусиқӣ ва театри тоҷик, ҷашну маросимҳои миллӣ, санаҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм ва ғ. баромад карданд.

 

 

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан