joomla
free templates joomla

Охирин ситораи тобноки Мовароуннаҳр

   Дар таърихи рӯзи ҳаждаҳуми октябри соли равон, соати 10:00 дар толори Академияи илмҳо ба ифтихори 160 - солагии шоири ширинкалом ва мунаққиди силсилаи Манғития Шамсиддин махдуми Шоҳин Конференсияи умумиҷумҳурии илмиву адабӣ баргузор мегардад, ки дар он мунаққидони илми адаби кишвар ширкат варзида, ҷиҳати баррасӣ ва пажуҳиш дар осор ва авомили таъсиргузор дар ҳаёту фаъолияти ин чеҳраи шинохтатарин дар таърихи илми адаби тоҷик суханронӣ хоҳанд кард. Бегумон дар ин конференсия бархурдҳои фикриву эътиқодӣ дар баҳсҳову музокираҳо аз эҳтимол дур нест, чунки ба қавле "Ҳақиқат натиҷаи тасодуми афкор аст".

Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ ва Маркази мероси хаттӣ дар конференсияи мазкур бахшҳои ҷудогонаро баррасӣ мекунанд ва маъруфтарин пажуҳишгарони адабиётшинос аз қабили Аъламхон Кучаров, Ҷурабек Назриев, Абдунабӣ Сатторзода, Мирзо Муллоаҳмад, Аскаралӣ Раҷабов дар ин ҳамоиши илмӣ маърӯза хоҳанд кард,
   Ҳамчунин, устодони муассисаҳои олии касбӣ дар музофоти кишвар низ барои баррасии ҳолу аҳвол ва чигунагии осори маънавии Шоҳин суханронӣ мекунанд.
   Яке аз авомили баҳс дар ин ҳамоиши илмӣ аз ин андеша оғоз мегардад, ки чаро пас аз Шоҳин, ки охирин ситораи тобноки назм дар Мовароуннаҳр буд, шоире ё худ нозиме дар сатҳи нигориши ӯ ва ба вай монанд зуҳур накард?

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан