joomla
free templates joomla

ПАЁМОВАРИ НИШОТ

 Барои иштирок дар рақобат ҷиҳати дарёфти ҷоизаи раёсати Академияи илмҳо дар иртибот бо Рӯзи Президент

 

     Хуршед ба якборагӣ ғуруб кард, маҳ рухи хеш дигар нанамуд, ситорагон дидаҳо барбастанд, чодари сиёҳи ғам гунбади нилуфариро пӯшонид. Ғурури шерону палангон дар куномҳо шикаста шуд, уқобу шоҳин аз парвоз бозмонданд, ҳазордастон ҷилои Ватан кард. Ҳақталошӣ ба авҷи аъло расид, пас аз гиребонгирӣ гиребонҳоро пора карданд, чун дилҳо тар нашуд, синаҳои якдигар пора карданд. Кӯҳпояҳои миллат қурбон шуданд, кӯҳсорони сар бар афлок сукут варзиданд. Роҳҳо ва дари дилҳо баста шуданд. Ҳамватанеро ҳамватан дар Ватан бе нон гузошт, ҳамватанеро берун аз Ватан мисле ки бе ҷон гузошт. Навҳа бар фалак печид, пардаи онро дарид. Ҷойи нишоти дилҳоро ғамбода, ҷойи ашки шодиро сиришки сӯзон, ҷойи озарахши баҳориро садои даҳшатзои гулӯлаву тиру туфанг гирифт. Сабзаҳо хушкиданд, қаҳтӣ ҷойи фаровонӣ гирифт. Модару хоҳар навҳагар шуд, чорагар набуд. Худованд борони раҳматашро аз сари мардум бардошт. Мулк бесарвар, мардум дарбадар, умри ҷавонон хазон, гунаҳои арғувонии дилбарон заъфаронӣ шуд. Падару модар дар сӯги фарзанд, фарзанд дар сӯги падару модар нишаст. Ғазаб ва кинаву адоват ҷойи меҳрро дар қалбу дидаҳо гирифт. Бадбахтиеро, ки давоми садсолаҳо ғосибон ба сари мо оварда буданд, худ такрор кардем ва ба гунаи мудҳиштар.Тараҳҳум, инсоф, одамият, диёнат аз байн рафт. Кибру ғурур, адоват, ғорату куштор ҳадду ҳудуд надошт. Шӯълаи умед дар дилҳо хира мешуд, чун нуре аз ҷойе намудор набуд. Зулмот кори худ кардаву торикии имон ҳамаҷоро ба шаби тор мубаддал намуда. Домани пардаи сиёҳи ғам фарох мешуд. Вале ба рағми ҳамаи ин ҷойе рӯшание фурӯзон мегардид. Он рӯшанӣ аз худафрӯзе бармеомад. Торикистонро нуристон ва қалбҳои хастаро мунаввар кардан дигар коре саҳл ва дар тавони ҳар нафар набуд. Он худафрӯз дар замини поки Яздонӣ худро бештар меафрӯхт, бештар месӯхт, то ҳадди ақал роҳеро, ки ба мақсуд мерасонад, рӯшан намояд. Роҳи худафрӯзӣ тӯлонӣ ва умеди сипарӣ карданаш аз доираи тафаккур берун шуда. Агарчи он торик буд, бар асари худафрӯзиҳои пайваста банудрат рӯшан гардид. Чодари сиёҳи ғамро ғами аз байн рафтанаш гирифт, он дигар тоби нурро, надошт, ки аз сӯхтанҳои он худафрӯз падид меомад. Оқибат ба ҳам зад. Тоҷикистон мунаввар, чеҳраҳои ғамангез--дилангез, қалбҳо моломол аз фараҳ шуданд, падар бо писар, бародар бо бародар, ҳамсоя бо ҳамсоя канори ҳам омаданд. Хуршеду маҳ дубора чеҳра барафрӯхтанд, ситорагон боз ба чодари зарнигори шаб зеб бахшиданд. Ғурури шерону палангон баргашт, уқобу шоҳин ба парвоз омаданд, ҳазордастон бо навои нав рӯ ҷониби Ватан ниҳод. Кӯҳпояҳои дигари миллат рӯ ба сабзиш оварданд, кӯҳсорони сар бар афлок аз нав қомат барафрохтанд. Он худафрӯз паёми нишот оварда буд... 

Ҷумъахон САЙИДАЛӢ, 
рӯзноманигор.

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан