joomla
free templates joomla

Вокуниши кормандони Институти забон ва адабиёт

   Инак 27 сол аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатӣ дорад ва ин фазои муносиб барои равнақу ривоҷи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мардум мебошад. Дар ин муддат ба масъалаи сулҳу салоҳ, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ аҳамияти махсус дода шуд, ки он сарчашмаи муваффақият ва пешрафти сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангии ҷумҳурии азизамон гаштааст. Имрӯз бо сарварии Пешвои миллат,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи баланд бардоштани некӯаҳволии халқи Тоҷикистон аҳамияти махсус дода мешавад. Бо ин мақсад барои сохтани мактабҳо, бемористонҳо, роҳҳо, пулҳо, нақбҳо, роҳҳои оҳан, иншоотҳои сиёсию маъмурӣ, осоишгоҳҳо, тафриҳгоҳҳо, муассисаҳои варзишӣ, майдончаҳою марказҳои фарҳангӣ, иншоотҳои энергетикӣ, корхонаҳои саноатии хурду бузург ҳамасола саъю кӯшишҳои зиёд шуда, дастраси мардум мегарданд ва ин ҳол симои Тоҷикистони азизамонро сол то сол ба кулли дигаргун кардаанд, ки ҳамаи инҳо барои беҳбудии рӯзгори мардумони сокини Тоҷикистон хидмат мекунанд. Ин пешравиҳо сокинони ҷумҳуриамонро хушнуд карда, онҳоро дар атрофи Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардонидааст. Ин ҳолат душманони миллати тоҷикро ба таҳлука овардааст ва аз бухлу ҳасад худашонро ба ҳар дар зада бо ҳар роҳ мехоҳанд, ба раванди зиндагии осоиштаю пешрафти кишварамон халал ворид кунанд. Махсусан, дар шаҳри Варшава ба ҳам омадани намояндагони ҳизби мамнуъ ва экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Анҷумани озодандешон, Ҳизби ислоҳот ва Ҳизби муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва ба маҷлиси Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) роҳ ёфтани онҳо ва нодида гирифтани дастовардҳои кишвари азизамон Тоҷикистон мо кормандони Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистонро бетараф гузошта наметавонад. Дар конститутсияи ҷумҳуриамон Тоҷикистон ба ҳайси кишвари демократию дунявӣ эълом шудааст ва аз рӯйи ин мо сокинони Тоҷикистон кору фаъолият дорем. Мо аз ҳамкориҳои Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) бо Тоҷикистон қаноатмандем, вале ба маҷлиси ин созмони бонуфуз роҳ ёфтани ҳизби экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки фаъолиятҳои тахрибкоронаи он бо далелҳои муътамад, исбот шуда, мамнуъ эълон гардидааст, моро ба ташвиш овардааст. Озодии сиёсӣ дар Тоҷикистон пурра ҳукмфармост ва демократитарин кишвари рӯйи олам буданаш ба хосу ом равшан аст. Мо ин арзишҳои бузургро қадр мекунем ва умед дорем аз тарафи дигар созмонҳо ҳам дастгирӣ меёбад.

   Ҳайати кормандони Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии АИ ҶТ

 

 

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан