joomla
free templates joomla

«Усулҳои нави такмил ва таҳияи маълумоти сейсмологӣ ва мактаби сейсмологҳои ҷавон аз кишварҳои ИДМ дар базаи пойгоҳи зилзилавии “Симиганҷ”

   1.93.jpg - 172.96 KB

     11- уми  сентябри соли 2018 дар толори меҳмонхонаи  «Кохи Афсарон» ҷаласаи ифтитоҳии Сессияи илмии сатҳи ҷаҳонӣ таҳти унвони «Усулҳои нави такмил ва таҳияи маълумоти сейсмологӣ ва мактаби сейсмологҳои ҷавон аз кишварҳои ИДМ дар базаи пойгоҳи зилзилавии “Симиганҷ” баргузор гардид.

       Сессияи илмиро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки рушди илми сейсмология дар кишвар гувоҳ бар омӯзиши масъалаҳои марбут ба зилзилашиносӣ мебошад.

1.94.jpg - 114.66 KB

      Оид ба масъалаҳои марбут ба илми сейсмология узви вобастаи Академияи илмҳои Россия А.А. Маловичко, академики Академияи илмҳои ҶТ С.Х.Неъматуллоев,  С.С.Ҳисомиддинов ( Узбекистон), Ф.Еманов (Россия), Г.М.Петросян ( Арманистон), А.Г.Аронов ( Белорус) ва дигарон музокираҳо барпо намуданд.

      Баҳсҳои илмӣ дар мавриди илми зилзилашиносӣ то 15 – уми сентябри соли равон идома меёбад.

 

 1.95.jpg - 167.62 KB

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан