(13.05.1962 – 09.09.2018)
Илми забоншиносии тоҷик талафоти бузург дод. 09 сентябри соли 2018 доктори илми филология, профессор, директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфбеков Шодихон Парвонаевич дар синни 56 солагӣ дунёи фониро падруд гуфт.
ЮСУФБЕКОВ ШОДИХОН ПАРВОНАЕВИЧ дар деҳ. Дашти ноҳ. Роштқалъаи ВМКБ таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна дар Донишгоҳи давлатии ш. Хуҷанд таҳсил кардааст (1979-1984). Фаъолияти меҳнатиаш аз омӯзгории мактаби миёна оғоз шудааст. Чун ба корҳои тадқиқотиву пажӯҳишӣ дар соҳаи забон шавқу завқи зиёд дошт, тибқи озмун ба вазифаи ходими илмии Шӯрои Помиршиносии бахши Помири Академияи илмҳои ҶТ интихоб гардида (1989), худи ҳамон сол ба аспирантураи назди Институти забоншиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шӯравӣ дар ш.Москва дохил мешавад. Рисолаи номзадиро таҳти роҳбарии эроншиноси маъруф проф. Ҷ.И. Эделман ҳимоя мекунад (1992). Аз замони ифтитоҳи Донишгоҳи давлатии ш. Хоруғ ба н.М.Назаршоев ба ҳайси декани факултети таъриху филологияи ДДХ (1992-1996) адои вазифа намудааст. Фаъолияти пажӯҳишгариашро дар докторантураи Академияи илмҳои ФР идома дода, натиҷааш ҳимояи рисолаи докторӣ дар с. 2000 дар самти махсусиятҳои таърихиву овоии яке аз қадимтарин забонҳои тоҷикӣ – забони синглеҷӣ дар назди мактаби забоншиносии Москав буд. Фаъолияти роҳбариаш дар соҳаи пажӯҳиш аз с.1996, аз ҷонишинии директори Пажӯҳишгоҳи илмҳои инсонии АИ ҶТ ҶумҳурииТоҷикистон оғоз гардида, аз с. 2000 то инҷониб Директори Пажӯҳишгоҳи номбурда буданд. Таҳти роҳбарии ӯ дар Пажӯҳишгоҳ тадқиқотҳои боарзиши филологӣ, этнологӣ, бостоншиносии алоқаманд ба таърихи мардуми Бадахшон, ҳамчунин афкори фалсафию мазҳабии минтақа анҷом дода шудаанд. Дар тӯли роҳбариаш соҳаи фолклоршиносии Пажӯҳишгоҳ хеле рушд карда, се ҷилди мукаммали “Фолклори Бадахшон” ба нашр расиданд. Маҳсули фаъолияти илмии профессор Юсуфбеков се монография дар соҳаи забоншиносӣ ва зиёда аз 200 мақолаҳои илмию илмӣ-оммавӣ буда, ӯ инчунин яке аз муаллифони асосии китоби дуҷилдаи «Таърихи Вилояти Кӯҳистони Бадахшон» (2005) ба шумор мерафт. Профессор Юсуфбеков Ш.П. яке аз муаллифони нашрияи бисёрҷилдаи энсиклопедии «Забонҳои дунё» (қисмати Авруосиё), ки аз тарафи Пажӯҳишгоҳи забоншиносии АИ ФР мунташир мегардад буда, инчунин узви ҳайати муаллифони ҷилди навбатии «Асосҳои забоншиносии эронӣ» аст. Таҳти роҳбарии ӯ ҷилди навбатии маҷмӯаи илмии «Масъалаҳои помиршиносӣ» аз чоп баромада дастраси аҳли илми тоҷик гардид. Ӯ муҳаррири илмии «Паёми Донишгоҳ»-и Хоруғ буда, барномаи таълимии «Мадхали забоншиносии эронӣ» маҳз ба қалами ӯ тааллуқ дорад, ки чун яке аз беҳтарин дастурҳои таълимии донишҷӯён дар ин самт шинохта шудааст. Дар давоми солҳои 2000-2010 ду навбат ба ҳайси намояндаи халқи Маҷлиси вакилони ВМКБ интихоб гардидааст. Проф. Шодихон Парвонаевич бо масоили мухталифи забоншиносиву адабиётшиносии тоҷик дар конфронсҳои байналхалқӣ дар Олмон (1990), Полша (1999), Эрон (2002), Булғория (2012) ва Россия (1998; 2000; 2012) суханронӣ намудааст. Муҳимтарин осори илмию тадқиқотии ӯ “Дейктичность в языках шугнано-рушанской группы: семантико – прагматические аспекты” (М., 1998), “Сангличский язык в синхронном историческом освещении” (М., 1999), “История Горно-Бадахшанской автономной области” (Душанбе, 2005), “Сангличский язык”//Основы иранского языкознания: Бесписьменные языки (М., 2008) маҳсуб машаванд.
Кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба даргузашти бармаҳали профессор Юсуфбеков Шодихон Парвонаевич изҳори ҳамдардӣ намуда, барои марҳум аз даргоҳи Худованди пок фирдавси барин талаб доранд ва ба аҳли табору пайвандонашон сабри ҷамил хоҳонанд.

