Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

7 – уми сентябри 2018 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардид.


Маҷлисро ноиби президенти Академияи илмҳо, академик Ҳикмат Муъминов ҳусни оғоз бахшида, ҳамагонро бо фарорасии 27 – умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик намуд.
Дар ҷаласаи тантанавӣ дар мавзӯҳои «Истиқлолияти миллӣ ва забони давлатӣ», “Рӯнамоии китобҳои нав дар бораи масоили об” ва “Истиқлолияти сиёсӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ” олимони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ суханронӣ намуда, мавзӯоти мазкур аз ҷониби олимони гуногунтахассус муҳокима ва баррасӣ шуданд.
Шоирон Аскар Ҳаким ва Алӣ Муҳаммади Хуросонӣ шеърҳо дар васфи Истиқлолияти давлатӣ қироат намуданд.
Дар анҷоми маҷлис як гурӯҳ кормандони муассисаҳои илмӣ бо Ифтихорномаи АИ ҶТ сарфароз гардиданд.


