Нерӯю малакаи ҷавонон дар ҷодаи шукуфоии Ватани сулҳофари мо
Ҷавонон, аз ҷумла донишҷӯён, яке аз гурӯҳҳои фаъол ва аз ҷиҳати тағиридиҳии мавқеи иҷтимоиашон серҳаракати ҳама гуна ҷамъият ба шумор мераванд. Бинобар ҳамин ҳам ҳар як ҷомеа кӯшиши пайваста пайдо кардани роҳҳои таъсиррасониро ба рафтори иҷтимоии онҳо ба харҷ медиҳад. Ин давраи синнусолӣ аз назари тарбияи сиёсӣ давраи нисбатан душвори зиндагӣ ва яке аз буҳронитарин марҳалаи зиндагии инсон мебошад. Ин давраро иддае таваллуди дубора номидаанд, зеро маҳз дар ҳамин давра дигаргуниҳои амиқе дар шахсияти инсон падидор мегардад. Инсон дар ин марҳилаи ҳаётияш барои марҳалаи бузургсолӣ омода мешавад ва бо тамоми тавон мехоҳад ба самти камол қадам гузорад. Президенти мамлакат дар яке аз суханронияшон таъкид намуданд, ки «солҳои донишҷӯӣ айёми ташаккули шахсият мебошад. Дар ин давра шахс донишҳои илмӣ ва таҷрибаи ҳаётиро азбар намуда, ҷаҳонбинияшро васеъ менамояд. Худро ба ҳаёти мустақил ва фаъолияти пурсамару муфид ба нафъи ҷомеа омода месозад».
Дар давраи донишҷӯйӣ рафта-рафта шитобзадагии кӯдаконаи қаблӣ аз байн рафта, ҷойи худро ба навъе оромиш ва тафаккури мантиқӣ медиҳад. Дар натиҷа фард метавонад ба дарки мустақилонаи воқеият расад. Нуқтаи ҷолиб он аст, ки ҷавонон дар гузаштан аз арзишҳои моддӣ ва расидан ба арзишҳои маънавию сиёсӣ низ бештар аз соири гурӯҳҳои синнусолӣ таваҷҷӯҳи хосе аз худ нишон медиҳанд. Зеро ин ошноӣ бо арзишҳои ҳам зарурӣ ва ҳам муфид аст, чунки аз ин роҳ онҳо фурсат пайдо мекунанд худро бо тартиботи роиҷ дар ҷомеа созиш диҳанд ва барои истифодаи захираҳои ҷомеа дар таъмини талаботҳои худ имконият пайдо намоянд. Ва ҳар як давлат низ пайваста кӯшиш менамояд барои истифодаи самараноки минбаъдаи нерӯи ин қисми фаъоли ҷомеа сармоягузориро ба рушди нерӯи созандаи онҳо афзоиш диҳад.
Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон бо шарофати истиқлолият ба ташаккули шахсияти ҷавонон аҳамияти калон дода мешавад. Ҳоло сиёсати давлат дар соҳаи маориф бештар ба баланд бардоштани сифати таълим, тайёр намудани мутахассиси дар бозори меҳнат рақобатпазир, гузариш ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ равона карда шудааст. Ислоҳоти соҳаи маориф ва мувофиқ кардани низоми миллии таҳсилот ба стандартҳои ҷаҳонӣ тавассути гузариш ба низоми бисёрзинагии таҳсилот ва татбиқи технологияи кредитии таълим амалӣ гардонида мешавад. Мақсадҳои ин сиёсат аҳли маорифро муваззаф менамояд, ки насли наврасро дар баробари мусаллаҳ намудан бо донишҳои касбӣ инчунин дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ ва одобу ахлоқи ҳамида тарбия намоянд. Зеро ин масъалаест, ки аз ҳалли дурусти он сифати ба ҷомеа пайвастани ҷавонон вобаста аст. Вале қайд кардан зарур аст, ки дар ин самт алҳол бисёр масъалаҳои ҳалталаб боқӣ мемонанд, ки хусусияти объективӣ ва субъективиро доранд. Пеш аз ҳама самтгирии сиёсии ҷавонон вобаста ба ҷойгиршавии Тоҷикистон дар минтақаи ҳассоси геополитикӣ гуногун мебошад. Чи тавре маълумотҳои пажуҳишҳои афкори умум нишон медиҳанд, ҷавонони донишҷӯ назар ба гурӯҳи дигари ҷавонон бештар ба сиёсат таваҷҷӯх доранд, зеро онҳо бештар дастрасӣ ба сарчашмаҳои ахборотӣ доранд. Ин барои аксар давлатҳо хос аст. Масалан дар Россия низ ин таносуб 36/23 аст. Дар яке аз таҳқиқотҳои ахиран гузаронидашуда нисфи пурсидашудагон 45,6% иброз доштаанд, ки онҳо умуман ба сиёсат бетафовут мебошанд. Аксарияти онҳо нисбат ба он ки дар арсаи сиёсат чӣ руй медиҳад изҳори бетафовутӣ намудаанд. Ягона муҳите, ки онҳо дар он ҷо дар бораи сиёсат гуфтугузор менамоянд ин доираи дӯстон ва хонавода мебошад. Дар ин баробар нафароне, ки ба сиёсат таваҷҷӯҳ доранд, аммо иштироки фаъол надоранд, ба 32,7% мерасад. Танҳо 11,5 фисади пурсидашавандагон иброз доштанд, ки дар сиёсат иштироки фаъол доранд ва пайваста таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд. Аз мадди назар дӯр гузоштани ин падида ба гуфтаи раиси ҷумҳур боиси он мегардад, ки: «ҳоло ҳам як қисми ҷавонон нисбат ба Ватан, истиқлолият, давлату миллат, арзишҳои фарҳангию миллии худ ва масъалаҳои ҳаёти ҷомеа бетафовут мебошанд. Бинобар ин, ба зеҳни ҷавонон гурӯҳҳои бегонапараст, моҷароҷӯ ва ҷиноятпеша таъсир мерасонанд. Сохторҳои татбиқсозандаи сиёсати давлатии ҷавонон бар зидди чунин зуҳуроти манфӣ ҳанӯз оқилона ва пайгирона мубориза бурда наметавонанд. Зеро дар давоми солҳои охир ҳодисаю падидаҳое ба мушоҳида мерасанд, ки метавонанд дар оянда ба раванди инкишофи ҷомеа халали ҷиддӣ ворид намоянд». (Вохӯрӣ бо ҷавонон соли 2005). Аз ин рӯ асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавононро бояд ғояи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти арзӣ ва манфиатҳои умумииллӣ ташкил диҳанд.
Бо назардошти ин вазъият мо вазифадор ҳастем, ки ба ҷавонон имкониятҳои бештари иштирок дар корҳои азнавсозии ҷомеа ва баландбардории сатҳи маърифати сиёсию ҳуқуқии онҳоро фароҳам орем. Ин имкон медиҳад, ки нерӯи созандаи онҳо ҳарчи бештар ба манфиати пешрафти ватанамон истифода бурда шавад. Дар ин самт пеш аз ҳама баландбардории сатҳи касбию тахассусии ҷавонон нақши асосиро ишғол менамояд. Мусаллам аст, ки давлат қисми зиёди иҷрои ин амалҳоро асосан ба зиммаи мактабҳои олӣ вогузор менамояд. Донишгоҳ дар ҳоле, ки ҷавононро бо усул ва асоси технологии ҷомеаи худ ошно месозад ва онҳоро барои зиндагӣ дар оянда омода мекунад, ҳамзамон онҳоро ба дарки интизороте, ки аз узвияти онҳо ҳамчун шахс дар ҷомеа бармеояд, наздик месозад. Зеро Президенти мамлакат дар суханронияшон дар вохӯрӣ бо бо олимон – омӯзгорон ва донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 1-сентябри соли 2010 дар робита бо ин масъала таъкид намуданд, ки мақому манзалати корҳои тарбиявию маърифатӣ аз корҳои таълимӣ камӣ надорад ва «бешак, бо донишҷӯ ё мутахассисе, ки мавқеи солим, ахлоқи ҳамида, ҳисси баланди ватанпарастӣ ва худшиносии миллӣ надорад, дар оянда ҷомеаи солиму мутамаддин бунёд кардан аз имкон берун аст. Минбаъд моро зарур аст, ки ҳангоми арзёбӣ намудани фаъолияти муассисаҳои таълимии кишвар дар баробари баҳо додани фаъолияти таълимию тадрисии онҳо, вазъи корҳои тарбиявияшон низ ба инобат гирифта шавад».
Имрӯз ҷавонони созандаю дилогоҳи тоҷик дар марҳилаи нави таърихӣ қарор доранд, ки аз ҳар яки онҳо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ғурури миллӣ ва нангу номуси миллатшиносиро тақозо дорад. Имрӯз ҳар як ҷавони тоҷик бо камоли масъулияти меҳандорӣ ба дарки он ҳақиқате расида, ки сари баланди миллат, обрӯю нуфузи давлат ба меҳнати созандаи ӯ, азму талошҳои ӯ ба хотири ободию шукуфоии бештари Ватани азиз бастагии қавӣ дорад, чуноне Муҳаммад Иқбол мефармояд:
Фард мегирад зи миллат эҳтиром,
Миллат аз афрод меёбад низом.
Миллати сарфарози тоҷик аз наслҳои ҷавони давраҳои гуногуни таърихаш ифтихор дорад. Чӣ дар замонҳои жарфи таърихӣ, чӣ дар солҳои 20-45-уми асри гузашта ва солҳои пасошӯравӣ ҷавонони он даврон шуҷоату қаҳрамониҳои бемислу монанди ҷангию меҳнатӣ нишон доданд. Ҳатто ҷонҳои ҷавони худро бохтанд, лек нагузоштанд, ки номи миллат доғдор, сари он хам гардад. Дар ин масир метавон қатор-қатор мисолҳое овард, ки бинобар ҷовидона дар дилу хотироти мардум нақш бастани кору номи неки онҳо ба муаррифиашон ниёзе боқӣ намемонад.
Саҳми ҷавонони бедордилу созанда, меҳнатдӯсту баномуси тоҷики давраи соҳибистиқлолӣ дар таҳкими давтатдорӣ, сулҳу амонӣ, пешрафту шукуфоии Ватани азиз беандоза бузург аст. Мусаллам аст, ки дар даврони ҷаҳонишавӣ муборизаҳо низ шакли ба зоҳир осоишта – набарди ғоявиро касб мекунанд. Бинобар ҳамин ҳам дар замони муосир беҳтарин мубориза барои ҳимояву бақои миллат, арзишҳои миллӣ, марзу бум ин ваҳдату мутаҳиддии мардум, аз технологияи ҷадиди ҷаҳонӣ ва забонҳои муоширати байналмиллалӣ бархурдор будани ҷавонон, мусаллаҳ шудан бо илму донишҳои муосир, тарғиби фарҳанги ниёгон ва оқилона омезиш доданаш бо фарҳанги муосири миллӣ, ғамхорӣ дар ҳаққи забони модарӣ, дуррӣ ҷустани ҷавонон аз шомил шудан ба ҳар гуна созмону гурӯҳҳои иртиҷоӣ, эҳтироми волоияти қонун ба шумор меравад. Ин хислатҳо аз чашмаи муҳаббати беандоза ба миллату Ватан, гиромидошту ифтихор аз дастовардҳои гузаштагону имрӯзиёни шарафманд об мехуранд. Яъне дар шахсияти мутахассис камолоти касбӣ ва сифатҳои баланди ахлоқӣ ба ҳам пайвастаанд. Ба андешаи Форобӣ фаъолияти арзандаи оқилонаи соҳибкасб аз сифатҳои ахлоқии вай ҷудо нест, зеро онҳо ҳамдигарро мукаммал мекунанд. Имруз низ истехсолот танхо ба он мутахассисе ниёз дорад, ки ин сифатхоро дар худ дорад. Ҷавони тоҷик бо дастгирии сиёсати давлати худ барои иҷрои корҳои бузурги ояндасоз омодаю қодиранд. Онҳо дар ҳама шароиту вазъият анъанаи неки ватандории гузаштагони сарбаланди худро идома ва таҳким хоҳанд бахшид.
Д. ХОЛНАЗАРОВ,
унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва
ҳуқуқи ба номи академик А.М.Баҳоваддинови
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33,
тел: (+992) 2210179, (+992) 951160390
Идиев Мануҷеҳр Хайридинович.
унвонҷӯи Институти иқтисодиёт ва демографияи
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33,
тел: (+992) 917166161.

