joomla
free templates joomla

Шаҳодатномаи иқболи тоҷик

    Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт.

     Эмомалӣ Раҳмон

   Бо зуҳури истиқлол чун неъмати бебаҳо ва гаронмоя миллати азиятдидаву ранҷкашидаи тоҷик соҳибистиклол гардид. Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати точдори точик аст, ки дар охири асри 20-ум ба даст омада аст.
Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, хамфикрию хамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Точикистони азиз овард.
Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва бузургии миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъияти иҷтимоиву фарҳангии миллатро ривоҷу равнақ медихад. Истиқлол рамзи сохибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи такдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад.

                                                                Худо он миллатеро сарварӣ дод,                                                                                                      

              ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.                                                                                                      

                     Ба он миллат сару коре надорад,                                                                                                                    

ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

 (Иқболи Лоҳурӣ)

  Кишвари азизи мо - Тоҷикистон макони бузургони хирад, оқилону фарзонагон ва шуҳратмандони шуҳратёру қаҳрамонон аз қабили Аӣнӣ, Тусунзодаву Рудакиву Сино, Сомониву Темурмалик, Бобоҷон Ғафурову Эмомалӣ Раҳмон ва амсоли ин садҳо нафар бузургон, ки оламиён васфашон мекунанд,  мебошад.

  Тоҷикистон макони бузургону сарзамини фарҳангдӯстон аст. Он сарзаминест, ки бо ҳамаи бузургиҳояш мардуми Суғду Хатлону Бадахшон, Панҷакенту Кӯлоб, Ҳисору Вахшу Варзобу Фархор барин мавзеъҳои нодирро гирди худ ҷамъ намудааст.

   Боиси таъкиду зикр аст, қаҳрамон ва шахсияти барҷастаи тоҷик Темурмалик, ки ба муқобили муғулҳо мубориза мебурд ва ин як порча замини тоҷиконро ҳифз мекард, баъди маргаш аз ҷуздони ӯ хате бо як каф хок ёфтанд, ки дар он навишта шуда буд: “Он касе, ки ин хатро мехонад, агар шахси поктинат ва Ватандуст бошӣ маро бо ҳамин як каф хоки Ватанам ба хок супор”.

  Садриддини Аӣнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Мақсум, Мирзо Турсунзода ва дигар  шахсиятҳое буданд, ки хизматҳои арзанда карданд барои шуҳратёру  шуҳратманд шудани Тоҷикистони азизамон  ҳатто ҷони пурарзиши худро дареғ надоштанд.

   Аммо имрӯз на ҳама кас ба қадри ин нозу неъматҳо мерасанд, хиёнаткорони Ватан дар ҳама давру замон буданд ва имрӯз ҳам боқӣ мондаанд, ба монанди Назарзода Абдуҳалим, Муҳиддин Кабирӣ,  Юнус Бурҳонов (саидюнуси Истаравшанӣ), Темури Варқӣ роҳбарони  ТТЭ  ҲНИ ва ба монанди ин гуна шахсон садҳо нафарро қайд кардан мумкин аст, ки ба Ватану миллати худ хиёнат кардаанд.

   Мардуми азизи мо имрӯз бояд донанд,  ин Сулҳу Ваҳдате, ки болои сари мо парафшон аст бо заҳмату талошҳои хело зиёд ба даст омадааст. Солҳои ҷанги шаҳрвандиро ба хотир оред, солҳои 1992 мардуми тоҷик рузҳои даҳшатборро аз сар мегузаронид, душманони халқ Тоҷикистонро ба ду қисм ҷудо карда буданд. Ҳайҳот! Ин чӣ рӯзи сияҳ ба сари мо омад!? Ҷаҳолат, зулмот,бесарусомонӣ истибдод, кӯштор, шармандагӣ!!! Оре, барои миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо бадбахтие, шармандагие аз ин бештаре  намешавад. Бародар бар сари бародар теғ мекашад! Падар сӯи писар оташ мекушод!  Мардумро ба маҳалу минтақаҳо ҷудо намуданд. Бале! Ин даҳшат ҳеҷ гоҳ аз хотири мардум фаромуш нахоҳад шуд. 

   Тоҷикистони азизи мо 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатиро соҳиб гашт ва аз он лаҳза то ин дам мардуми шарифи он бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, хештаншиносиву ифтихори миллӣ, созандагиву ободкорӣ баҳри гулгулшуфоии ин сарзамин камари ҳиммат баста истодаанд.

      Ин сарзамини куҳанбунёдро сиёсатмадори тавоно ва хирадманд   Пешвои муаззами  миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунад. Маҳз бо заҳматҳо ва талоши ин марди хирад мо соҳибистиқлолии худро ҳифз кардем, миллат ва давлатро аз парокандагӣ наҷот додем   ва сулҳи деринтизорро  ба даст овардем. Хизматҳои ин фарзанди фарзонаи миллат дар рушди иқтисодиёти мамлакат низ хело калон аст. Пешвои миллат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба дар минбарҳои баланди  ҷаҳонӣ пешниҳодоти хело муфидро манзур сохтанд, ба монанди эълон кардани солҳои 2005 – 2015 соли “Об манбаи ҳаёт” ва 2018 - 2028 соли баӣналмиллалии амал “Об ба хотири рушди устувор”, ки ин ҳам ифтихори мо тоҷикистониён аст.

   Имрӯз ҳар яки мо  чун як фарди  Тоҷикистон бо ифтихори бузург гуфта метавонам, ки давлати пуриқтидор, ки замоне дар тасарруфи давлатҳои иттиҳод ҷой дошт ва як маротиба ҷанги шаҳрвандиро пушти сар намуд, хушбахтона имрӯз, мустақил, демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва комилҳуқуқ аст. Ҷумҳурии  Тоҷикистон яктост, қисматҳо надорад, якрангу якмаром аст. Мардуми ин сарзамин аз хурд то бузург якдигарро эьтирому эътироф мекунанд, чунки қавми як миллат як мазҳаб ва як нажоданд.

   Тоҷикистони азизи мо дар аӣни шукуфтанҳост ва рӯз то рӯз шуҳратманду шуҳратёр гашта истодааст. Бо вуҷуди камзамин будан кишвари ман дари худро ба рӯи миллионҳо нафар боз кардааст ва ба гуфти шоири ширинкаломи мо:

Нурест ба дидагони мо Истиқлол,

Зуре ба тану равони мо Истиқлол.

Як миллати пошхурдаро чамъ овард,

Пайвандгарди ҷахони мо Истиқлол.

    Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои пешқадам ва пешрафта табдил ёфта истодааст, дорои потенсиали бузурги тавлиди нерӯи барқ, заводҳои муқтадир, иншоотҳои баланд ва зебо, мардумони поку адолатпешаву босиришт, меҳмондӯсту меҳмоннавоз, аз ҷиҳати иқтисоди пешрафта, дорои сангҳо ва сарчашмаҳои боӣу ғанӣ, ҷоӣгузин ва тамошоҷоӣи миллионҳо нафар хориҷиён аз шарқу ғарб ва аз шимолу ҷануб мебошад.

      Тоҷикистон дорои фарҳанги боӣу ғанӣ мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик дар қадимулаӣём ба кандакорӣ, гаҷкорӣ,  оҳангарӣ, расомӣ, сиказанӣ ва кулолгарӣ машғул буданд. Пешвои миллат Асосгузори Сулҳу Ваҳдати милли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли мелодии 2018 – ро соли “Рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карданд, ки ин ҳам   чун эҳтиром ба фарҳанги мардумӣ  ва ҳифзи  ҳунарҳои бостонии аҷдодон мебошад.

Тоҷикистони азиз имрӯз 27 – умин солгарди худро ҷашн мегирад.

27- соли музаффариятҳо, кашфиётҳои қуллаҳои баланд, комёбиҳои дастрас ва имконпазир.

27- соли ободониву кабудизоркунии шаҳру ноҳияҳои кишвар, расидан ба некбахтиву озодиву Сулҳу Ваҳдат.

27 соли хандаҳои кӯдакон, хурсандӣ ва шодиву  нишоти пиру барно.

27- соли дастовардҳои назаррас дар соҳаи илму маориф.

27 – соли пурбарор дар самти сиёсати муваффақ.

27 - соли комгор дар таъмир ва аз навсозии роҳҳои кишвар.

27 – соли муваффақиятҳо ва комёбиҳо дар сиёсати хориҷии кишвар.

   Боиси зикр аст, ки дар ин даврони истиқлолият зану мард ва пиру барно дар талоши илму адаб, фарҳангу маърифат ва кору фаъолияти хеш камари ҳиммат бастанд. Дастовардҳои бузурги  кишвар дар даврони истиқлолият  ба мардум  қуввату нерӯ, тавоноӣ бахшида, онҳоро ба комёбиҳо ва дастовардҳои бузург ҳидоят месозад. Имрӯз Тоҷикистон гулистони беҳадду канор, маркази нуру маърифат ва чаманистони дунёи орзуҳост.

   Сари таъзим меорам ба ҳар як обу хоки гулу гиёҳу мардуми бузурги ин сарзамин ва бешубҳа, меболам аз он, ки мо низ аз шахсони содиқу меҳрпарвари ин сарзамини афсонавием. Тоҷикему чун миллати барӯманд ифтихор мекунам. Насли поки оли Сомонаму меҳру муҳаббат покдиливу самимият ва ору номуси бузургро мепарварам.

   Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Точикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон — манбаи омӯзиши сулҳхохони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори хар як  точик ва тоҷикистонист . Мо бояд  барои рушду такомули ин миллати баруманд аз дилу ҷон талош варзем. Ҷашни истиқлол ба ҳамаи тоҷикону тоҷикистониён фархунда бод!!!              

Корманди  Институти омӯзиши

масъалаҳои давлатҳои  Осиё ва

Аврупои АИ ҶТ,  Ҳабибҷон Мирзоев ;

Аспиранти Институти забон ва адабиёти

ба номи Рӯдакии АИ ҶТ, Шодиҷони Рамазон

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан