Мутахассиси техникӣ - бунёдгар ва равнақдиҳандаи саноату иқтисодиёти ҷумҳурӣ
Мавсими интихоби касби оянда барои хатмкунандагони макотиби таълимоти умумӣ фаро расид ва ҳазорон наврасон бо умеди амалӣ намудани орзуҳои худ дар ин ҷода ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази миллии умумиҷумҳуриявии санҷиши дараҷаи дониши дохилшавандагони донишгоҳу донишкадаҳо пешниҳод намуданд. Мушоҳидаҳои солҳои пешина нишон медиҳанд, ки бисёр хатмкунандагони макотиби умумитаълимӣ дар интихоби касбу ихтисоси оянда тавакаллӣ рафтор менамоянд, зеро таълимоти умумимактабии ҳозира имконияти тайёр намудани ҳар як хатмкунандаро барои интихоби ихтисоси ба характеру миҷози ӯ мувофиқбударо надорад. Бесабаб нест,ки бисёр довталабон хоҳони шудани ҳуқуқшинос ё иқтисодчӣ, духтур, дар ҷодаи техникӣ бошад барномасоз, энергетик, корманди БДА ва амсоли инҳо ҳамагӣ чанд ихтисоси дигар, ҳастанд. Ин хоҳиши онҳо инъикоскунандаи талаботи ҷамъиятамон ба ин ихтисосҳо нест, зеро дар ин ихтисосҳо аллакай даҳҳо ва ҳатто метавон гуфт садҳо маротиб зиёд хатмкардагони макотиби олӣ нисбати шумораи лозима диплом гирифтаанду дар соҳаҳои марбута аз набудани ҷои корӣ имконияти фаъолият намуданро надоранд. Дар навбати худ эҳтиёҷоти иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба мутахассисони ихтисосҳои дигар, хусусан ихтисосҳои муҳандисӣ- техникӣ, хеле зиёдаст, вале дарк карда натавонистани хатмкунандагони мактабҳои умумитаълимӣ дар фаҳмиши авзалияти ин ихтисосҳо барои дар оянда таъмин будан бо ҷои кору маоши пурарзиш, онҳоро дар интихоби ин ихтисосҳо маҳдуд мегардонад.
Равнақи иқтисодиёти ҳар мамлакат пеш аз ҳама аз равнақи истеҳсолот бо истифодабарии техникаву технологияҳои босамари тавлиди молу маҳсулот дар он вобаста мебошад. Равнақи истеҳсолот ва истифодабариии технологияҳои босамарро метавонанд фақат одамони босавод ва донишу малакаи амиқ ва тахассусӣ дошта амалӣ намоянд. Агар мактаби таълимоти умумӣ ба шахси наврас саводнокшавиро омӯзонад, донишгоҳу донишкадаву омӯзишгоҳҳо дар таълимгоҳҳои худ ҷавонони доништалабро барои омӯхтани дониши тахассусӣ ҳидоят намуда онҳоро барои мутахассиси ояндаи ягон соҳаи истехсолот шудан тайёр менамоянд. Мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ ба истиснои ягон-ягони онҳо барномаҳои якхелаи таълимӣ доранд, ки сабақомӯзии якрангу якхеларо таъмин менамоянд. Дар натиҷа мактаббачагон яххела сабақ гирифта, фақат бо дараҷаи азхуднамоии ин сабақ аз якдигар фарқ мекунанд. Ва ин таври таълимдиҳӣ ва сабақомӯзӣ дуруст аст, зеро дар мактабҳои умумитаълимӣ мактаббача саводнок шуда, дар вуҷуди худ бояд қобилияти донишомӯзиро асос гузорад, зеро дар мактаби олӣ ин қобилият ба ӯ барои аз худ намудани фанҳои тахассусӣ зарур аст, агар чунин қобилият дар вуҷуди донишомӯз бошад, аз ӯ мутахассиси хуб ва донишманд пайдо мешавад, вагарна ҳарчанд ӯ тавонад макотиби олиро хатм карда диплом гирад ҳам, вале ӯ чун мутахассиси тавоно ба камол намерасад.
Барои хатмкунандагон хуб аст, агар ихтисоси ояндаи худро вобаста ба мавҷудият ё нақшаҳои барпошавии корхонаҳои саноатӣ дар шаҳру навоҳиҳои ҷумҳурӣ бо назардошти макони зисташон интихоб намоянд, чунки мавҷудияти корхонаи саноатӣ ва ё нақшаи сохтани он дар солҳои оянда эҳтимолияти бо ҷои кор таъмин шудани ин мутахассиси ҷавонро таъмин менамоянд. Ҷумҳурии мо асосан дар сарзамини куҳӣ ҷойгир шудааст, вале аз сарватҳои табиии Худодод хеле бой мебошад. Обҳои дарёҳои хурду калон, ки қувваи бузурги гидроэнергетикӣ доранд, маъхазҳои ангишт дар тамоми ноҳияҳои мамлакат, захираҳои тиллову нуқра, сангҳои қиматбаҳову ороишӣ амсоли лаъли Бадахшону мармару хорову конгломерати сифати ҷаҳонӣ доштаи дар бисёр ноҳияҳои сарзаминамон мавҷудбуда, конҳои симобу қурғошиму дигар металлҳои ба таври васеъ дар истеҳсолот истифодашаванда, маъхазҳои оҳаксангу гаҷу хокҳои дар саноатҳои масолеҳи сохтмонӣ, чиниворӣ, истеҳсолоти алюминий ва ғ. сарфшаванда, ҳатто маъхазҳои маводи ядроӣ, ки ашё барои истеҳсолоти стантсияҳои барқтавлидкунандаи атомӣ мебошанд, ва бисёр захираҳои табиии дар ин ҷой номбар нашуда, боигарии сарзаминамон ҳастанд ва ин боигарии беҳамтои ҳеҷ гоҳ камнашаванда насиби наслҳои имрӯзаву ояндаи мамлакатамон гардидаанд. Ин сарватҳои табиӣ интизори коркард ва самаранок истифодабарии онҳо ба нафъи халқу Ватанамон мебошанд ва ин коркардро фақат мутахассисони донову аз илмҳои техникиву технологӣ бархурда метавонанд амалӣ созанд. Таваҷҷуҳе, ки бисёр мамлакатҳои бузург нисбати мамлакати мо доранд, ин пеш аз ҳама таваҷҷуҳ ба ин боигариҳои сарзамини мо мебошад. Бо ёрии бархе аз мамлакатҳои қудратманди аз ҷиҳати техникӣ тараққӣ карда, аз ҷумла Русия, Чин, Туркия, Ҳиндустон ва ғ., дар ноҳияҳои гуногуни мамлакатамон корхонаҳои истеҳсолии тавлидкунандаи молу маҳсулот рӯз ба рӯз зиёд сохта мешаванд ва шумори ин корхонаҳо дар солҳои ояндаи наздик хеле меафзоянд. Корхонаҳои коркарди захираҳои мавҷудаи сарзаминамон асоси саноат ва иқтидору тавоноии иқтисодиёти мамлакатамонро ташкил ва таъмин менамоянд. Метавон номбар намуд он корхонаҳои азими мавҷуда ва дар солҳои дар пешоянда сохташавандаро, ки барои таъмини фаъолияташон ба мутахассиси варзидаи донишҳои техникӣ дошта ниёз доранд: корхонаи "Алюминии тоҷик", корхонаи тиллои "Зарафшон", корхонаи маъданбойгардонии Анзоб, заводҳои кимиёвии дар Ёвону Исфара, Леваканду Бӯстон, Панҷакенту Истиқлолу Табашару Адрасмон ва ғ. ҷойгиршуда, корхонаҳои мавҷуда ва сохташавандаи тавлиди семент ( Сементи тоҷик, Ғаюрсемент ва ғ.) дар Душанбе, Ёвон, Данғара, Ваҳдат, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, заводҳои истеҳсоли хишт, гаҷ, оҳак, шиша, маводи асбесту сементӣ, фарфор, керамзит, нахи сунъӣ (нахи санги базалтӣ) ва ғ. дар ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ, заводҳои сохташавандаи истеҳсоли кислотаи сулфату криолит дар Ёвон, корхонаҳои металлтавлидкунанда дар Ҳисору Истиқлол ва коркарди нафт дар Турсунзодаву Данғара, корхонаҳои тавлиди газу гармӣ аз ангишт (ТЭС), ки дар Душанбе сохта шудаасту боз дар Душанбе, Хуҷанду Шӯроб (Исфара) сохта мешаванд, корхонаҳои тавлиди газу сӯзишвориву спиртҳо аз рустаниҳо (биогаз, этанол), корхонаҳои коркарди нахи пахта дар ноҳияҳои Фархор, Данғара, Вахш ва Ҳисор, чопхонаҳои китобу рӯзномаву маҷаллаҳо ва боз бисёр дигар корхонаҳои мавҷудаву бунёдшаванда. Ҳамаи ин корхонаҳои номбаршуда, ки аксарияти онҳо дар Паёмҳои Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар шудаанд, дар асоси технологияҳои кимиёвии тавлиди маводу маҳсулот аз ашёи табииву сунъӣ фаъолият мекунанд ва ниёз ба мутахассисони соҳаҳои технологияи кимиёвӣ, металлургӣ, мошинсозӣ, энергетикӣ, экологӣва амсоли онҳоро доранд. Чунин мутахассисонро фақат дар донишгоҳу донишкадаи таълимоти техникиву технологидиҳанда тайёр намудан мумкин аст. Дар Тоҷикистон маркази тайёркунии чунин мутахассисон Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, амиқтараш факултаҳои "Технологияҳои инноватсионӣ", "Энергетикӣ" ва дигарон мебошанд.
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ калонтарин ва асоситарин маркази тайёркунии муахассисони баландихтисоси техникиву технологӣ дар ҷумҳурӣ аст. Соли 2016 ба бунёди донишгоҳ 60 сол пур шуд ва дар ин муддат онро ҳазорон мутахассисон хатм кардаанд ва мумкин мамлакате набошад, ки хатмкардаи ин донишгоҳ кору зиндагонӣ намекарда бошад. Дар донишгоҳ 9 факултет, зиёда аз 50 кафедра, ки бо устодони варзида ва озмоишгоҳҳою дарсхонаҳои ҳозиразамон таъминанд, мутахассисонро дар сатҳҳои бакалавр, магистр, номзад ва доктори илм тайёр мекунанд. Инчунин дар филиали донишгоҳ дар шаҳри Хуҷанд бо номи "Донишкадаи политехникии Тоҷикистон" ва Колеҷи техникии ш.Душанбе, ки узви таркибии донишгоҳ ҳастанд, мутахассисон тайёр карда мешаванд. Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии техникии Белоруссия факултаи муштарак ташкил намуда оиди баъзе ихтисосҳои нодир, вале барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ хеле зарур, бо ташкили аввали таҳсил дар Душанбе, идомааш дар шаҳри Минск, якҷоя мутахассис тайёр менамояд. Бархе устодони донишгоҳи техникӣ академикон, профессорон, дотсентон ҳастанд, ки мактабҳои илмии онҳо дар миқёси байналхалқӣ маълуму машҳур буда натиҷаҳои тадқиқотҳои илмии онҳо дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон чоп шуда боиси қадрдонӣ гардидаанд. Бисёр вазирони феъливу гузашта, сиёсатмадорону депутатҳои халқӣ, соҳибкорони муваффақ ва сарварони корхонаҳои ҷумҳурӣ хатмкардагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мебошанд. Аз байни хатмкардагони донишгоҳ бисёр олимони барҷаста тарбия ёфтаанд. Фақат зикри он, ки аз шаш нафар президентони собиқи Академияи Улуми Тоҷикистон се нафарашон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон камолот ёфта буданд, кифояи тасдиқи ақидаи болоӣ мебошад. Ташкилкунанда ва аввалин ректори Институти политехникии Тоҷикистон (номи пештараи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон) академик Осимӣ М.С. ва дастпарварони донишгоҳ академикҳо Неъматуллоев С. ва Мирсаидов У. дар вақти сарвари Академияи Улум буданашон пажӯҳишгоҳҳои зиёди илмиро ташкил намуда ин боргоҳи илму маърифатро ба сатҳи умумиҷаҳонӣ бароварданд. Ин амал барои он ба онҳо муваффақ шуд, ки мутахассисони соҳаи техникӣ буданд ва тавонистанд илми тоҷикро низ дар сатҳи мавҷудаи илму техникаи ҷаҳонӣ равнақ диҳанд.
Мутахассиси соҳаи техникӣ шахси дақиқкор бояд бошад, зеро амалиёти вай бо воҳид ва ченакҳои муайян ва амиқ баҳогузорӣ мешаванд. Дар амалиёти мутахассиси соҳаи техникӣ ва технологӣ таваккалӣ рафтор кардан номумкин аст, зеро тамоми ускунату иншоотҳо, биноҳо, роҳҳо, хатҳои обгузарону барқрасон, дастгоҳҳо, мошинҳо, киштиҳо, васоили алоқаву иттиллоотӣ, хӯроку пӯшок, дорувориву нӯшокӣ ва ғайраву ва ҳоказо, ки зиндагонии имрӯзаи мардумро таъмин мекунанд, бояд таркиб, сохт ва сифати муайян дошта талаботи одамонро ҷавобгӯй бошанд. Ва маҳсулоту маснуоти ба талабот ҷавобгӯйро фақат мутахассиси аз илмҳои дақиқ бархурдор метавонад тавлид намояд. Имконияти тайёр намудани чунин мутахассис дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо таъмини тамоми шароитҳои омӯзиши фанҳои лозима фароҳам оварда шудааст.
Шарифов Абдумумин, доктори илмҳои техникӣ, профессор,
Шодиев Ғолибҷон Ғаюрович,
Субҳонов Далержон Қосимович унвонҷӯёни
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ

