joomla
free templates joomla

Вожаи тоҷик аз нигоҳи Бобоназари Бобохон

                                       29.02.2018.jpg - 90.33 KB

  Имрӯз дар толори Академияи илмҳо баҳси илмӣ ҷиҳати баррасии этногинез ва этимологияи «тоҷик» баргузор гардид, ки дар он донишманди номовар ва муҳаққиқи забонҳои атиқа Бобоназари Бобохон ширкат варзида, мутазаккир шуд, ки вожаи «тоҷик» аз истилоҳоти «Апастак» чун дойдик, дойдия ва деҳник сарманша гирифтааст. Маълум аст, ки дойдия дар паҳлавӣ маънии дарёро дорад  ва аммо дойдик, ки маҳз аз он додгустару додрас пайдо шудаанд, номи қавмест, ки дар ватани ориёниҳо маскун ҳастанд. Ин вожа дар сарчашмаҳои антиқӣ ба таври гуногун ва ҳатто мухталиф баён гардидаанд ва калимиаи дойчи олмонӣ низ аз ҳамин истилоҳ сарчашма мегирад. Мавсуф ба суоли матраҳ, ки чаро забони тоҷикӣ ба гурӯҳи забонҳои ғарби эронӣ шомил асту мавзеи пайдоиш ва густариши он макони забонҳои шарқи эронӣ дониста мешавад, чунин посух дод: «Порсӣ ба иллати умумият дер напоид ва аз забони дойдикҳо таъсирпазир шуда, хештанро ҳадалимкон таҳриф сохт ва дар футурравии паҳлавӣ аз забонҳои дойдикҳо истиқбол намуд. Аммо омили асосии забони ғарби эронӣ дониста шудани забони тоҷикӣ, ки макони густариши он ҳудуди интишорёбии забонҳои шарқи эронӣ чун суғдӣ маҳсуб мешавад, таҳоҷуми араб аст».

  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ иқрор намуд, ки дар сарчашмаҳои арманӣ тоҷик бори аввал дар соли 430 солшумории масеҳӣ оварда шуда, бо гузашти айём дар маънии муслимин баён гардидааст, аммо дар сартосари таърих тоҷик дар муқобили турк истифода мешавад. Имрӯзҳо маликаи масагетҳо Томирисро туркони муосир чун модармиллат номгузорӣ кардаанд, аммо ин амал аз нодонӣ аст, чунки афрод ва фарҳанги дигаронро аз худ пиндоштан дарюзагист!

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан