Истиқболи рӯзи мардони ҳарб дар Академияи илмҳо

Бахшида ба фарорасии рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар маҷлисгоҳи Раёсати АИ ҶТ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он ходимони илмии муассисаҳои илмӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаро президенти Академияи илмҳои ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, зимни суханронии хеш қайд намуд, ки неруҳои Артиши миллии Тоҷикистон кафили амну субот дар кишвар буда, аз омилҳои асоси осудаҳоливу оромии фазои сиёсиву иҷтимоии кишвар дониста мешаванд. Номбурда ҳозиринро дар иртибот бо рӯзи Артиши миллӣ табрик намуда, дар фаъолияти рӯзмарраашон комёбиҳоро таманно намуд.

Оид ба нақши Артиши миллӣ ва ҳимояти марз ноиби президенти АИ ҶТ, узви вобастаи АИ ҶТ Муҳаммад Абдураҳмон маърӯза кард.
Рӯзи Артиши миллиро барои кулли ҳаммеҳанон табрик мегӯем!


