Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз!
Имрӯз (23.11.2017) дар толори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Раёсати шаҳрии ҲХДТ ва Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Илмпешагон»-и АИ ҶТ Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи Парчам таи унвони «Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз» баргузор карда шуд.
Сухани ифтитоҳиро ноиби президенти АИ ҶТ Саидов Абдусаттор оғоз бахшида, ҳамаи иштирокчиёнро ба Рӯзи Парчам ва дигар идҳои сатҳи давлатӣ табрик намуд.
Дар кори конференсия фаъолони ҳизбӣ аз муассисаи гуногуни ҳизбиву илмӣ ва таълимӣ иштирок намуда, дар музокирот ширкат варзиданд.

