Донистани таърихи фарҳанг ва тамаддун барои хурду бузург ҷоиз аст
22-юми ноябри соли 2017 дар иртибот бо фарорасии 80-умин солгарди академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфшоҳ Яъқубов дар толори Институти Омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он президенти АИ ҶТ, ноибони президент, директорон ва ҷонишинони директорони муассисаҳои илмии АИ ҶТ ва муаррихони донишгоҳҳову донишкадаҳо ширкат намуданд.
Ҷаласаи тантанавиро президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, ҳангоми суханронӣ қайд намуд, ки академик Юсуфшоҳ Яъқубов дар таҳаввули илми бостоншиносии миллӣ дар замони Истиқлолият нақши босазо аз худ боқӣ гузоштааст.
Олимони гуногунсоҳа дар маҷлиси тантанавӣ сухан карда, дар музокирот иштирок намуданд. Ногуфта намонад, ки суханварон аз соҳибҷашн ёдоварӣ намуда, саҳми ӯро дар ривоҷу равнақ ёфтани илми муосири таърихшиносӣ аз нигоҳи мусбат баҳогузорӣ намуданд.

