ФАРҲОД РАҲИМӢ: «МО БОЯД ФАЛСАФАИ МУОСИРРО ОМЎЗЕМ…»
«Мо бояд фалсафаи муосирро омўзем, фалсафаи истиқлолиятро омўзем, фалсафаи ҷаҳонишавиро омўзем, чунки дар асл ҷаҳонишавӣ ҷаҳонгардонист ва кишварҳои абарқудрат ин равандро аз хотири татбиқ сохтани манфиатҳои геополитикии худ ба ҷаҳониён таҳмил намудаанд» - бо чунин суханронӣ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ Конференсияи илмии бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии фалсафаро ифтитоҳ намуд, ки мавзўи он «Масоили мубрами фалсафаи муосир» номгўзорӣ шуда буд ва 21 – уми ноябри соли 2017 дар маҷлисгоҳи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимони соҳаи фалсафа баргузор гардид.

Фарҳод Раҳимӣ зимни суханронии хеш қайд намуд, ки «сўиистифода шудани бархурдҳои мазҳабӣ, динӣ ва миллӣ аз ҷониби гурўҳҳои манфиатҷў моро водор месозад, ки истиқлолияти давлатиямонро ҳифз кунем, чунки ба даст овардани истиқлолият аз ҳифз намудани он осонтар аст».
Сипас, ноиби президенти Академияи илмҳои ҶТ, узви вобастаи АИ ҶТ Муҳаммад Абдураҳмон ҳозиринро бо рўзи умумиҷаҳонии фалсафа табрик намуда, олимонро ба таҳқиқ намудани усулҳои навтарини ҷаҳонгардонӣ даъват намуд.
Дар Конференсияи мазкур академикҳои АИ ҶТ мусо Диноршоев ва Кароматулло Олимов суханронӣ намуда, масъалаҳои мубрами фалсафаи муосирро пажуҳиш карданд.


