joomla
free templates joomla

Шодбошӣ

ИЛМАТ БА АМАЛ ЧУ ЁР ГАРДАД…

     80-сол қабл аз ин дар мулки зебоманзари Равнови кўҳистони Дарвоз тифли дўстрўе ба дунё омад,ки ўро волидайн бо меҳру муҳаббат Юсуфшоҳ  ном гузоштанд.Овони наврасии Юсуфшоҳ ба даврони вазнин оғози солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ рост омад. Соли 1945 мавсуф шомили мактаби ҳафтсолаи зодгоҳаш гардида, онро соли1952 хатм намуда таҳсилашро дар мактаб-интернати деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шўрообод идома мебахшад.Мактаб- интернати шаҳраки Кангурти ноҳияи Данғараро соли 1955 бо медали тилло ба итмом расонида, худи ҳамон сол ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи таърихи факултети таъриху филологияи  тоҷики  Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин месупорад.

   Соли 1960 пас аз хатми донишгоҳ бо роҳхат ба бахши бостоншиносии Институти таърих,бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор фиристода шуда беш аз 57-сол инҷониб дар ин боргоҳи илм пурмаҳсул фаъолият карда истодааст. Қобилияти хуби ўро ба инобат гирифта баъд аз муддате  ўро  ба Пойгоҳи бостоншиносии шаҳри Панҷакент бо мақсади иктишофи  ҳафриёти  рақами  VII  фиристода мешавад.Зиёда аз се сол бо ҳамроҳии бостоншиноси маъруф Абдуллоҷон Исҳоқӣ кор карда, соли 1961 ҳафриёти рақами XVI-ро мустақилона таҳқиқот гузаронида 47 муҳри аз гили пухта дарёфт кард, ки дар онҳо тасвирҳои ҳайвоноти гуногун ва нишонаҳои дигар ҳаккокӣ шуда буданд.Бостоншиноси ҷавон Юсуфшоҳ Яъқубов ҳафриёти мазкурро нишастгоҳи маъмурии шаҳрдор ё фармондори  Деваштич номида буд, ки ин фарзияро бостоншиносони маъруф хуш пазируфтанд.

     Баъдан мавсуф дар давоми солҳои 1960-63 инчунин дар ковишҳои бостоншиносони гурўҳҳои Б. А. Литвинский дар Аҷинатеппа, Ҳулбук, қабристонҳои асри биринҷии ноҳияҳои Фархору Вахш, экспедитсияҳои Б. Я. Ставиский дар дараҳои Киштўту Моғиён ва бо ҳамроҳии академик Нуъмон Неъматов дар ноҳияҳои Ашт, Шаҳристон,Истаравшан ва мавзеи Сомғори шаҳри бостонии Хуҷанд фаъолона ширкат варзида, таҷриба ва дониши зиёд гирифта ба кори мустақилона шуруъ менамояд.

   Соли 1963 ба аспирантураи шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1964 рисолаи номзадиашро таҳти унвони «Фалғар дар асрҳои VII-VIII –и мелодӣ» 15-уми январи соли 1970 дар Шўрои таърихи дунёи қадими Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шўравӣ, дар шаҳри Москва бомуваффаққият ҳимоя менамояд. Дар рисолаи мазкур муҳаққиқ ва бостоншинос Юсуфшоҳ Яқубов  оид ба натиҷаҳои ҳафриёти дар ёдгориҳои нодири ибтидои асримиёнагии болооби водии Зарафшон аз қабили мавзеи Гардани Ҳисори деҳаи Мадм ва Қалъаи Куми  назди деҳаи Куми ноҳияи Айнӣ гузаронидааш ва таҳлили ҳуҷҷатҳои аз қалъаи Абаргар пайдо гардида ба хулосае омадааст,ки воқеан ҳокими Панҷакент-Деваштич  Қалъаи Кумро барои муборизаи давомнок бар алайҳи арабҳои бодиянишин омода карда буд. Аммо аз сабаби оне,ки мардуми омада дар он нагирифтанд ба кушки Абаргар, ки барои дар ҳавои кушод зистани одамони зиёд ва чорвопарварӣ нисбатан имконияти зиёде дошт Қалъаи Муғро интихоб кардааст.

   Ҳамин тариқ, муаррих ва бостоншинос Юсуфшоҳ Яъқубов дар натиҷаи  гузаронидани  ҳафриётҳои  зиёд, бори нахуст дар таърихи Суғд ва умуман Осиёи Марказӣ мавзеъҳои қисман боқимондаи мутааллиқ ба асрҳои VI-VIII мелодӣ Гардани Ҳисор,Куми ноҳияи Айнӣ,Наврўзшоҳ ва Филмандари  ноҳияи Панҷакент ва боз даҳҳои дигари кофташудаи воқеъ дар водии Зарафшон, инчунин зиёда аз 118 ёдгории кашф кардааш дар мавзўи  «Деҳаҳои ибтидои асримиёнаи кўҳистони Суғд» рисолаи докторӣ менависад. Дар рисолаи мазкур Ю. Яъқубов  масоили  муҳими таърихӣ, аз ҷумла пайдоиш ва ташаккули деҳаҳо, сохти сиёсӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ ва динии онҳо мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифтаанд.Пайдоиши феодализмро дар Осиёи Миёна, ки ба асри V мансуб медонистанд, комилан онро рад намуда исбот менамояд,ки воқеан феодализм дар Осиёи Миёна дар асри III мелод бо хусусиятҳои ба худ хос ташаккул ёфта буд.

   Юсуфшоҳ Яъқубов солҳои 1971-1972 дар варҳои Теппаи Муборакхоҷаи Қибили атрофи Норак, мавзеи Чиртаки шаҳри Ваҳдат ҳафриёт гузаронида исбот намуд,ки мавзеи мазкур бошишгоҳи мавсимии кишоварзон ба ҳисоб мерафт.Дар ин муддат мавсуф сағонаҳои зеризаминии Мавлоно Юсуфро дар Чиртак, ки ба асри XIV ва Дубедаи асрҳои XI-XII  марбутаро таҳқиқ карда баъдан  қабристони асри биринҷиро дар  мавзеи Дубеда пайдо менамояд.

   Солҳои 1978-1982 дар ноҳияҳои  Комсомолобод, Ғарм,Ҷиргатол, Файзобод ва шаҳри Роғун даҳҳо ёдгориҳои навро кашф намуда харобаҳои  шаҳрҳои Дарбанд ва Ғўркандро пайдо намудааст.Ба ин васила тибқи пешниҳоди ў номи минтақаи Қаротегин ба Рашт ва ноҳияи Комсомолобод ба Дарбанд  иваз  карда  шуданд.

   Соли 1994 рисолаи «Тоҷикон»-ро дар мавзўи этногенез иншо намуда ва онро соли 1994 бо таҳриру иловаҳо бо номи «Тоҷикшинос» чоп менамояд. Дар ин асар бори аввал  таърихи пайдоиши вожаи тоҷик таҳлил шуда, моҳияти иҷтимоӣ ва этникӣ доштани онро исбот менамояд.Соли 1996 рисолаи бунёдии «Дини  қадими Суғд»-ро нигошта дар он бори аввал исбот менамояд, ки диёнати Суғдҳо ва тамоми мардуми ориёнажоди Осиёи Марказӣ Маздаясно бо омезиши бутпарастӣ ва зурвонӣ иборат буд.Бутҳо асосан тасвири фариштагони авестоиро фаро мегирифтанд ва маъбади худро доштаанд.

  Соли 2001, ба муносибати ҷашни 3000-солагии тамаддуни "Авесто” китоби "Гоҳномаи Авесто”-ро  бо тасвири фариштагони 30 рўзи моҳ пешкаши хонандагон менамояд. Соли 2000-ум китоби дарсии "Таърихи халқи тоҷик" замони Ориёиҳоро барои мактабҳои таҳсилоти миёнаи ум- умӣ менависад, ки 20 соати дарсҳои он дар бораи Каёниён, Авесто, оини Маздаясно бахшида шудааст. Бо шарофати соҳибистиқлол шудани кишварамон ва ташаббусҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат бори аввал дар мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз "Авесто” ва оини зардуштӣ дарс гузаронида мешавад. Бори аввал дар ин китоб мухтасар  таърихи Ориёиҳо нақл мешавад, ки то ба ҳол ин корро касе ба иҷро нарасонида буд. Соли 2001 китоби дарсии «Таърихи халқи тоҷик» (ибтидои асри миёна) -ро барои синфи 6 иншо менамояд.

Солҳои 1997-1999  сардори экспедитсияи якҷояи Тоҷику Олмон дар бахши омўхтани конҳои қадими миси Зарафшонро ба зимма дошт. Ў кашшофи деҳаи асри биринҷӣ дар баландии 3200 метр   ва даҳҳо конҳои истихроҷи мис дар кўҳҳои Мушистон ва Такфон мебошад. Маълум намуд, ки конҳои мису қалъаи дар кўҳҳои Буттам  мавҷуд буда дар ҳазораҳои III-II-уми пеш аз мелод  истифода мешудаанд.

Соли 1998  бори аввал дар қалъаи Ҳисораки Кўҳистони Масчоҳ ҳафриёт гузаронида, дар дижи шоҳ як толори мураббаи 10х10м ва маъбади оташро кашфу таҳқиқ намуда, аҳамияти муҳими таърихӣ доштани ин ёдгориро баррасӣ кард. 

  Солҳои 1989 то соли 2011  вазифаи мудири шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ба мушкилиҳои солҳои 90-уми асри гузашта ва аввали асри 21 нигоҳ накарда,  дар замони роҳбарии мавсуф дар Институт шуъбаи бостоншиносӣ ягона дафтари мунтазам фаъолияткунанда ба ҳисоб мерафт.  Соли 1991 аъзо- корреспонденти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.

  Дар тўли 57 соли фаъолияташ дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 рисола ва зиёда аз 700 мақолаҳои илмӣ дар нашриётҳои гуногун ба табъ расонидааст. Зиёда аз 20 мақолаи худро дар кишварҳои Фаронса, Дания, Олмон, Англия, Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон, Лаҳистон ба чоп расонидааст. Асари "Дини Суғдиён” соли 2011 дар Ҷопон ба забони ҷопонӣ тарҷума  шудааст.

Соли 1997 аъзои Ҷамъияти бостоншиносони Россия интихоб шудааст. Соли 1998 аъзо-корреспонденти Институти бостоншиносии Олмон интихоб мешавад. Соли 1999 ба  унвони «Арбоби хизматнишондодаи илму техникаи Тоҷикистон» сарфароз гардида аст.   Юсуфшоҳ Яъқубов дар давоми фаъолияти пурмаҳсулаш дар Институт зиёда аз 130 ёдгориҳои бостониро кашф намудааст, ки дар миёни онҳо  Гардани Ҳисор, Кум дар ноҳияи Айнӣ, Ҳисорак дар Кўҳистони Масчоҳ, маъбади оташ дар ёдгории Наврўзшоҳ воқеъ дар  ноҳияи Панҷакент, шаҳраки Дарбанд дар ноҳияи Нуробод, Чоргул асрҳои X-X11м.,  гўристони сакоиҳои асрҳои IV-III п.м. ва   V –VI мелод дар ноҳияи Лахш  нодир мебошанд. Бо ташаббуси ў таҷлили 2700-солагии шаҳри бостонии Кўлоб барои ҷашнгирӣ пешниҳод шуда буд.  Ба ин муносибат, бо роҳбарии Юсуфшоҳ Яъқубов бошишгоҳи асри санг, давраи неолит, ёдгориҳои асри биринҷӣ дар Ғелот, харобаҳои шаҳраки асри VIII-I то мелод, I-VIII, ХII-ХIХ мелоди шаҳри Кўлоб кушода,  таҳқиқ шуданд.

  Ба муносибати ҷашнвораи шаҳр зери роҳбарӣ ва иштироки номбурда китобҳои «История Куляба с древнейших времен до наших дней»-муаллифон Юсуфшоҳ Яъқубов, Давлатшоҳ Довудов, Татяна Филимонова, «Кўлоб шаҳри қадиму шўҳратманд»-муаллифон Юсуфшоҳ Яъқубов, Давлатшоҳ Довудов ва Абдуҷаббор Зардиев, «Хулбук – столица Хатлона», муаллиф Ю. Якубов, Э. Гулямова (2006)  навишта, ба табъ расонида шудаанд.

Ў Яъқубов мушовири илмии "Маҷмааи меъмории 2700-солагии Кўлоб” ва осорхонаи он аст. Ў ташкилкунандаи Осорхонаи Ҳулбук мебошад. Имрўз мактаби бостоншиносии тоҷик зери сарпарастии ў кору фаъолият менамояд ва мутахассисони навро тарбия намуда истодааст.

    Муҳаррир, ташкилкунанда ва муаллифи зиёда аз 100 мақолаҳо дар «Энсиклопедияи Кўлоб» мебошад (2006). Солҳои 2008-2009 дар ёдгории Золи Зари ноҳияи Фархор ҳафриёт намуда, онро боқимондаи шаҳри пеш аз исломии Андичароғ  муайян меномад. Соли 2012 асари бунёдии "Давлати Каёниён”-ро пешкаши хонандагон менамояд. Асар маҳсули 30 солаи муаллиф дар бахши исботи таърихӣ будани шоҳони Каёнӣ ва замони онҳо мебошад. Дар китоб  бори аввал исбот мешавад, ки  сулолаи Каёниён, сулолаи таърихӣ мебошад ва онро беасос устура хондаанд.

   Паёмбари Ориён зодаи Бохтари Шарқӣ буда, деҳаи падарии ў Дуроҷ  бо ин ном то кунун дар Куфаи Бадахшон побарҷост ва модараш аз Роғи ин бахши Бадахшон буд. Далелҳо оварда мешаванд, ки дар ҳазораи дуввуми пеш аз мелод дар Бохтар маъбадҳои сунатии дини зардуштӣ вуҷуд доштанд ва калонтарини онҳо дар Ориёно амал менамуд ва шубҳае нест, ки паёмбар дар ҳамон замон дар он  кору фаъолият карда бошад.  Дар китоб  дар бораи  маъбади сунатии Ҷарқутан ва дигар маъбадҳои оташи Бохтар, "Авесто” ва дини Маздаясно, фаъолияту зиндагии паёмбар бобҳои алоҳида бахшидааст. Ин асар табадулоте дар илми ориёшиносӣ мебошад, зеро ақидаҳои маркази фарҳанги ориёиҳо будани Ориёни Ғарбӣ  рад мешаванд ва  бо далелҳо Ориёни Шарқӣ – Бохтар  маркази тавлиди фарҳанг, "Авесто”, Зардушт, аввалин давлати ориёиҳо Каёниён  эълон мешавад. Асар ҳарфи нав дар таъриху фарҳанги Ориёиҳо мебошад.

    Ҳоло китоби нави ў таҳти унвони "Давлати Каёниён дар Англия тарҷума шуда истодааст ва  чоп мешавад. Яке аз кашфиётҳои бузурги  Юсуфшоҳ Яъқубов дар соли 2012 харобаи шаҳри Карон дар ноҳияи Дарвози Бадахшон мебошад. Дар Карон бори аввал дар таърихи Осиёи Марказӣ Бурҷи Оташ (маъбад), маъбади об ба бузургдошти рўди Дойтиаи нек, хонаи ситорашиносӣ, майдони чавгонбозӣ, дахма, диж ва  кабристони ба охири асри биринҷ   нисбат дошта  кашфу таҳқиқ шудаанд,  ки ба ҳалли бисёр масъалаҳои таърихи Бохтари қадим кушоиш мекунанд. Юсуфшоҳ Яъқубов аз соли 2012 то 2013 сарварии гурўҳи бостоншиносони тоҷикро дар Миси Айнаки Ҷумҳурии исломии Афғонистон ба уҳда дошт. Ў иштирокчии бисёр экспедитсияҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Роҳи Бузурги Абрешим мебошад ва бо медали ЮНЕСКО барои ҳиссагузорӣ, дар бахши бостоншиносӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ сарфароз шудааст. Дар конференсияҳои байналхалқӣ ва ҷумҳуриявии гуногун, симпозиумҳо, коллеквиумҳо марбут ба фанни таърих, дин, бостоншиносии  Осиёи Марказӣ, дар Афғонистон, Олмон, Россия, Гурҷистон, Ўзбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Эрон, Туркия иштирок ва баромад  намудааст.

   Яке аз муалифони нашри нави асари бисёрҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» мебошад. Ҳоло  китоби дарсии бо ҳаммуаллифии Раҳмоналӣ Шарифов "Асосҳои бостоншиносии Осиёи Марказӣ дар ҳаҷми 400 саҳифа дар арафаи чоп аст. Юсуфшо Яқубов солҳои 1971-1997 дар факултети таърих аз фанҳои "Таърихи Шарқи қадим", "Юнон ва Рим" дар курсҳои якуми тоҷикӣ ва русӣ, курсҳои махсуси "Ҷуғрофияи таърихи Осиёи Марказӣ", "Шаҳри асри миёнаи Осиёи Миёна", "Авестошиносӣ" –ро дар курсҳои 4 ва 5 дарс додааст.   Соли 2015 бо даъвати декани факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  дар кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ, дар курсҳои 3-5–ум аз фанҳои "Асосҳои бостоншиносии Осиёи Марказӣ", "Бостоншиносии саҳроӣ" ва фанҳои интихобӣ дарс медиҳад. Зери роҳбари ў садҳо донишҷўён корҳои курсӣ ва дипломӣ навиштаанд.  

    Ҳоло роҳбарии 5 унвонҷўй ва 2 докториро  ба дўш дорад.

     Соли 2017 устод Юсуфшоҳ  Яъқубов  академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.

   Аз мавриди мувофиқ истифода бурда устоди азизро ба муносибати ҷашни фархундаи 80-солагии зодрўзашон самимона шодбош гуфта, барояшон пеш аз ҳама саломатӣ,сарбаландӣ, дар корҳои илмию омўзгориашон комёбӣ ва дар халқаи пайвандону дўстон буданро орзу карда барояшон пеш аз ҳама сарфарозиҳову  умри дарозу пурбаракатро таманно намуда аз номи шоир Ҳаким Саноӣ  гуфтанием:

 Солҳо бояд, ки то як санги аслӣ з-офтоб,

Лаъл гардад дар Бадахшон ё ақиқ андар Яман.

Умрҳо бояд , ки то як кўдаке аз рўӣй табъ,

Олиме  гардад накў ё шоире ширин сухан.

 

              Мухбирҷон Кенҷаев

                                                                                      рўзноманигор

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан