joomla
free templates joomla

Дар Академияи илмҳо Рӯзи Президент бо тантана ҷашн гирифта шуд

  Тибқи моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»  16 –уми ноябр  ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон ва ҳамасола таҷлил карда мешавад. Аз ин хотир, 15-уми ноябри соли 2017 дар маҷлисгоҳи Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он олимони гуногунсоҳа иштирок карда, дар музокирот ҷиҳати паҳлуҳои мухталифи фаъолияти Президенти кишвар чун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат намуданд.

  Ҷоиз ба тазаккур аст, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун татбиқкунандаи сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат дар рушду тараққии ҳамаҷонибаи Ватани тоҷикон беандоза бузург аст ва бесабаб нест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар хориҷа бо исми Президент  муаррифӣ мешавад, чунки сиёсати «дарҳои кушод»-и Ҳукумати Тоҷикистон аз ормонҳои сатҳи байналмилалии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.

  Ҷаласаи тантанавиро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, ҳангоми суханронӣ зикр кард, ки дар амал татбиқшавии институти президентӣ дар кишвари азизамон аз омилҳои асосии рушди бемайлони миллату давлат маҳсуб мешавад. Ҷоиз ба ёдоварист, ки интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои олӣ бесабаб набуд ва шаҳди ин Иҷлосияро мо имрӯз эҳсос менамоем.

  Сиёсатшиносону ҳуқуқшиносон ва файласуфони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи тантанавии бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон атрофи саҳмгузории сарвари давлат дар таҳаввулоти дохилии кишвари соҳибистиқлоламон музокира ва муҷодила намуданд. Аз ҷумла ноиби президенти АИ ҶТ Абдураҳмон Муҳаммад қайд намуд, ки  мо “ Рӯзи Президент”-ро бо самимияту эҳтиром ва ғурури баланди миллӣ ҳамчун рӯзи адолату демократикунонии ҷомеа пешвоз гирифта, тамоми дастовардҳои замони идоракунии президентиро ба истиқлолияти давлатӣ ва иқдомҳои неки Президенти кишвар вобаста медонем.

  Дар ҷаласаи тантанавӣ ҷиҳати баррасӣ намудани институти президентӣ ва таъриху таҳаввулоти он кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А, Баҳоваддинови АИ ҶТ Буриев И.Б. ва Зокиров Н.М. суханронӣ намуданд.

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан