Масъалаҳои ғанигардонии маҳсулоти хўрокворӣ: таҷрибаи кишварҳои дуру наздик
14-уми ноябри соли 2017 дар толори Хазинаи мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Шўрои олимони ҷавони АИ ҶТ дар ҳамкорӣ бо Ширкати глобалии беҳдошти истеъмолӣ ва дастгирии молиявии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ семинар дар мавзўи «Масъалаҳои ғанигардонии маҳсулоти хўрокворӣ: таҷрибаи кишварҳои дуру наздик» баргузор шуд.
Семинарро президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо шурушавии кори семинар табрик намуд.
Дар семинари мазкур коршиноси сатҳи байналмилалӣ Кевнтин Ҷонсон (Канада), Кристин Маркс (ИМА), ноиби президенти Академияи илмҳои Қазоқистон Шомил Тоҷибоев ва дигарон суханронӣ намуда, ҷиҳати баррасӣ кардани масъалаҳои марбут ба ғанигардонии маҳсулоти хўрокворӣ музокира ташкил доданд.
Дар анҷоми семинари мазкур музокираҳо хулоса шуда, барои бархе аз иштироккунандагон сертификатҳо тақдим гардиданд.


