joomla
free templates joomla

Маркази байналмилалии илмиву-тадқиқотии «Помир-Чакалтой»

Фаъолияти Маркази Байналмилалии илмӣ - тадқиқотии «Помир – Чақалтой» дар давоми соли 2022
  Мувофиқи Созишномаи байниҳукуматии Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ташкил ва фаъолияти Маркази Байналмилалии илмӣ-тадқиқотии «Помир-Чақалтой» ва бо супориши Президенти Академияи Миллии илмҳои Тоҷикистон МБИТ «Помир-Чақалтой» дар давоми соли 2022 дар пойгоҳҳои илмии Оқ-Архар, Қолуч-қул ва Чечектии ноҳияи Мурғоби ВМКБ ва инчунин дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи Миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои илмию тачрибавӣ гузаронида шуда, давом ёфта истодаанд.
   Моҳҳои апрел-майи соли ҷорӣ баъди зимистонгузаронии тулонӣ дар стансияҳои илмии Оқ-Архар ва Қолуч-қули н. Мурғоб бо қувваи кормандони МБИТ «Помир-Чақалтой» корҳои барқароркунӣ ва ҷо ба ҷо кунии иншоотҳо, тоза намудани гирду атроф, дарҳо ва тирезаҳои утоқҳои корӣ, ангар, хонаи агрегати барқдиҳии дизелӣ, боми хонаҳои истиқоматӣ ва утоқҳои корӣ таъмир карда шуда, роҳҳои автомобилгардро аз сангрезаҳо ва тармаҳо тоза кардаанд.
Мувофиқи нақшаи корӣ ҳамасола дар моҳҳои июл - август МБИТ «Помир-Чақалтой» экспедитсияи илмӣ ташкил намуда ба ҳайҳати он ходимони илмии институти физикаи ба номи П.Лебедеви ш. Москва, Донишгоҳи Давлатии Москва ба номи М. Ломоносов, институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови АИ ҶТ, Донишгоҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷиистон, Донишгоҳи Хоруғшаҳр ба номи М. Назаршоев шомил шудаанд. Вале мутаасифона ҷониби Федератсияи Россия дар солҳои охир аз иштирок кардани ходимони илмӣ дар ҳайҳати экспедитсия илмӣ худдорӣ намуда, (бо сабаби тасдиқ нагардидани протоколи Оинномаи МБИТ “ПЧ”) гузаронидани тадқиқотҳои илмиро дар пойгоҳои илмии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон мегузаронанд.
   Бинобар ин бо супориши махсуси Президенти Академияи Миллии илмҳои Тоҷикистон муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ моҳи июни соли ҷорӣ экспедитсияи илмии «Помир-2022» ташкил карда шуда, ба ҳайҳати он ходимони илмии Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови АМИТ ва МБИТ “Помир - Чақалтой” дохил шудаанд. Дар маҷлиси васеъи назди Президенти АМИТ барои дар сатҳи баланд ва бо натиҷаҳои назарраси илмӣ гузаронидани экспедитсияи илмии “Помир 2022” ба маъмурияти институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови АМИТ ва маъмурияти МБИТ “ПЧ” вазифаҳои мушахас супорида шудаанд. Ҳайҳати экпедитсия аз нақлиёт,маводҳои рузгордорӣ, доруворӣ, озуқа пурра таъмин карда шуда дар давоми қариб як моҳ дар пойгоҳҳои илмии Оқ Архар, Қолуч қул ва Чечекти фаъолияташонро идома додаанд.
Мақсади гузаронидани экспедитсияи илмӣ ин таваҷҷуҳи олимони ҷавон ба тадққкотҳои илмие, ки зиеда аз чил сол дар пойгоҳхои илмии Оқ-Архар ва Чечекты гузаронида шудаанд, иборат мебошад. Олимони ҷавон дар соҳаҳои гуногуни тадқиқотӣ: физикаи нурҳои кайҳонӣ ва астрофизикаи зарраҳои баландэнергия, лоҳияхҳои ҳастаӣ ва космофизикӣ, шиносоӣ бо камераҳои рентгеноэмулсионӣ, гузаронидани тадкикотхо оид ба шароити радиатсионӣ дар пойгохи Оқ-Архар, тадқиқотҳои геологӣ ва кимёвӣ корҳои амалӣ-тачрибавӣ гузаронида, дастур ва пешбиниҳои мукаммалро дар асоси технологияҳои нав ва модернизатсияи тачҳизотҳои илмии мавҷударо оид ба рушди ин соҳаҳо додаанд. Ва инчунин қайд кардаанд, ки МБИТ «Помир-Чақалтой» неруи илмӣ-техникии худро бо роҳи ворид намудани технологияҳо ва усулҳои наве, ки барои гузаронидани таҷрибаҳои ҳаставию космофизикии замонавӣ, ки барои коркард ва таснифи маводҳои таҷрибавӣ истифода мешаванд, инкишоф диҳад. Аз он ҷумла мақсади олимони ҷавон, ки дар ояндаи наздик дар пойгоҳҳои илмии Оҳ-Архар ва Колуч-қул истифода бурдани детекторҳои электронии афканишоти кайхонӣ, ки тачҳизоти илмии комплексии насли нав мебошад ва дар барномахои ояндаи МБИТ «Помир-Чақалтой» низ пешбинӣ шудааст, бояд амалӣ шаванд. Дар давоми гузаронидани корҳои тадқиқотӣ ва таҷрибавӣ дар пойгоҳи илмии Оқ-Архар ба ҳайҳати экспедитсия доир ба таърих ва мақсади ташкил шудани МБИТ «Помир-Чақалтой», зарурияти сохтимони базаи илмии Чечекты дар солхои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар асоси барномаҳои ҳастаии замони Шуравӣ, гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи омузиши табиати нурҳои кайхонӣ аз солҳои 70 ум то солҳои 90 уми карни гузашта ва дар замони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидани шартномаи байниҳукуматии ҶТ ва ФР оид ба ташкил ва фаъолияти МБИТ «Помир-Чақалтой» маълумотҳои пурра дода шудаанд. Барои олимони чавон оид ба решаи номгузории «Помир-Чақалтой», ки соли 1980 дар ш. Находка дар конференисияи илмии оид ба натиҷагирии омузиши нурҳои кайхонӣ аз тарафи олимони Япония, Бразилия, Польша, Тоҷикистон, Узбекистон қабул шудааст, маълумотҳои аввалиндараҷа дода шуда будаанд.
Охири моҳи август ҳайҳати экспедитсияи илмии «Помир-2022» корхои илмӣ тачрибавиро бомуваффакият ба анҷом расонида ба шаҳри Душанбе баргаштаанд. (Ҳисоботҳо оид ба корҳои илмии ҳайҳати экспедитсия аз ҷониби директори Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови АМИТ пешниход карда шудаанд).
Моҳи ноябри соли равон бо супориши Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои зимистонгузаронии қаровулон дар пойгоҳҳои илмии Оқ-Архар ва Қолуч-қули ноҳияи Мурғоб маводҳои зарурӣ: ангиштсанг, ҳезум, сузишвории дизелӣ ва доруворӣ дастрас карда шуда ба қаровулони пойгоҳҳои Оқ-Архар ва Қолуч қул супорида шуд. Инчунин бо қаровулон оид ба тарзи муҳофизат намудани тачҳизотҳо ва молу мулки пойгоҳҳо дастур дода шуда оид ба назорат ва ҷавобгарӣ будани онхо суҳбатҳо гузаронида шуд. Баъди аз назар гузаронидани маводҳо ва таҷҳизотҳои дохилию берунии пойгоҳҳо, анборҳо, хонаҳои истикоматӣ ва утокҳои корӣ, пойгоҳҳо ба назорати қаровулон супорида шудаанд. Бо мақсади ворид нашудани одамон ва техникаи бегона ба пойгоҳҳо роҳи автомобилгарди баромад ба пойгоҳи Оқ-Архар баста карда шуда, монеъаҳо ва шлагбаум гузошта шудаанд.
Ҷонишини директори
МБИТ “Помир –Чақалтой”
Ёрмамадов. Ш
Котиби илмии
МБИТ “Помир - Чақалтой”
Азизшоев. Қ