joomla
free templates joomla

Институти иқтисодиёт ва демография

734025, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯчаи Айнӣ, 44,

тел: (99237) 221-67-50; 221-57-65

   Институти иқтисодиёт ва демография бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2011 №33 дар заминаи муттаҳид намудани ду институтҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Институти иқтисодиёт ва Институти демография таъсис ёфта аст.

Сохтори Институт аз директор, муовинон, котиби илмӣ ва 10 шуъба, аз ҷумла, 7 шуъбаи илмӣ-тадқиқотӣ бо ба инобати 109 воҳиди корӣ (90 воҳиди корӣ кормандони илмӣ – 82,5%) иборат мебошад:

Ҳайати кормандони дараҷа ва унвони илмӣ доштаи Институт:

- академики АМИТ – 1 нафар

- узви вобастаи АМИТ – 1 нафар

- доктори илм – 14 нафар

- номзади илм – 23 нафар

  Ҳамагӣ – 39 нафар (43,3%)

   Дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар баробари дигар сохторҳо 7 шуъбаҳои илмӣ фаъолият мекунанд:

1. Шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва робитаҳои иқтисоди хориҷӣ

2. Шуъбаи таҳқиқоти рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда

3. Шуъбаи таҳқиқоти демографӣ

4. Шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодӣ

5. Шуъбаи моделсозӣ ва дурнамогирии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ

6. Шуъбаи таҳқиқоти институтсионалӣ

7. Шуъбаи таҳқиқоти инфрасохторӣ

   ИИ ва Д АМИТ ҳамчун маркази илмӣ барои мутаммарказ гардонидани нерӯи илмии ҷумҳурӣ оид ба ҳалли мушкилоти фарогири рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, таҳкими ҳамгироии илми иқтисодӣ ва талаботи соҳаҳои иктисодиёт ва тайёр намудани олимони баландихтисоси ватанӣ дар соҳаи илми иқтисодӣ амал мекунад. Муайян намудани асосҳои илмии дурнамои рушди фарогир ва ҷойгиркунии оқилонаи қувваҳои истеҳсолкунандаи Тоҷикистон дар маркази пажӯҳишҳои илмии Институт қарор дорад.

   Иштироки Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ дар таҳияи Барнома ва Стратегияҳои давлатӣ, ки таҳқиқот ва коркардҳои илмии онҳо дар раванди татбиқи барномаҳои зерини давлатӣ истифода шудаанд:

- Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030;

- Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020;

- Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025;

- лоиҳаҳои «Консепсияи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Консепсияи рушди иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи олимон ва мутахассисони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ таҳия ва аз ҷониби Раёсати АМИТ маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд;

- Барномаи саноатикунонии босуръати кишвар дар давраи солҳои 2020-2025;

- Барномаи рушди саноати бофандагӣ ва дӯзандагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025;

- Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солхои 2016-2020;

- Ҷамъбасти ниҳоии гурӯҳи байналхалқии машваратӣ оид ба омӯзиши равандҳои муҳоҷирати аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Барномаи миёнамӯҳлати сармоягузории давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025;

- Барномаи рушди соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025;

- Барномаи рушди бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020;

- Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ТБМ-2016);

- Барномаи механизми маблағгузории таҳқиқотҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Ҳисобот оид ба Консепсияи миллии ҳадафноки илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба масъалаҳои рушди инсон, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои солҳои 2013-2028;

- Консепсияи идоракунии рушди маҳал барои давраи то соли 2030;

- Пешниҳодҳои ҷамъбастии гурӯҳи машваратӣ оид ба мониторинги сатҳи муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Мониторинги Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020;

- Мониторинги Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030;

- Ҳисоботи миллӣ оид ба иҷрои Ҳадафҳои рушди устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (БРСММ);

- Шарҳи стратегии амнияти озуқаворӣ ва ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Ба Нақшаи таълимии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои методологии таҳияи ҳуҷҷатҳои Стратегии кишвар ворид карда шуд, ки аз рӯи он ходимони илмии Институт дарсҳои назарӣ ва амалӣ гузарониданд.

Иштироки Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ дар рафти иҷрои Барнома ва Стратегияҳои давлатӣ:

- таҳияи Консепсияи рушди Бадахшони Шарқӣ;

- пешниҳод барои таҳияи лоиҳаи Консепсияи рушди саноат барои давраи то соли 2030, ки аз ҷониби вазорати саноат ва технологияҳои нав омода карда шудааст;

- пешниҳод барои таҳияи лоиҳаи Консепсияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030, ки аз ҷониби Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда шудааст;

- пешниҳод барои такмили Барномаи ҳамкории Бонки умумиҷаҳонӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021;

- таҷдид ва баланд бардоштани рақобатпазирии бахши қолинбофӣ, нассоҷӣ, гулдузӣ ва атласу адрас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, давраи дуюм;

- ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи «Низомнома оид ба такмили баҳисобгирии оморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2021» Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- аъзои Шӯро оид ба муайян намудани сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёнаи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- аъзои гурӯҳи кории таҳияи «Консепсияи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Консепсияи рушди иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

- аъзои гурӯҳи корӣ ҷиҳати омодагӣ оид ба таҳияи Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ҳамчун марҳилаи дуюми татбиқи СМР-2030;

- аъзои гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав;

- аъзои гурӯҳи корӣ оид ба такмили ниҳоии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатии рушд»;

- аъзои гурӯҳи кории идоракунанда ва техникӣ вобаста ба таҳияи лоиҳаи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- аъзои гурӯҳи кории байниидоравӣ ҷиҳати таҳия ва ё такмил додани методологияи муайян намудани сабади истеъмолӣ.

    ИИваД АМИТ ягона муассисаи илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки ба масъалаҳои назариявию методологии рушди илмҳои иқтисодӣ, таърих, назария ва ислоҳоти бозорӣ  машғул аст. Дар назди Институт семинари илмӣ-назариявии доимоамалкунандаи ҷумҳуриявӣ амал мекунад, ки кафедраҳои назарияи иқтисодии муассисаҳои илмии кишвар аз зумраи иштирокчиёнаш ба ҳисоб мераванд.

   ИИваД АМИТ ҳамкорӣ ва робитаҳои илмии худро бо Институтҳои академии Руссия, Хитой, Олмон, Литва, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва дигар давлатҳо ба роҳ мондааст.

   ИИваД АМИТ муассиси маҷаллаи илмии иқтисодии «Иқтисодиёти Тоҷикистон» ба ҳисоб меравад, ки маҷаллаи мазкур дар феҳрасти маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА ФР ва КОА Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Маҷаллаи илмии номбурда дар қаламравии мамлакат ягона  маҷаллаи илмӣ мебошад, ки доир ба муаммоҳои илмии иқтисодиёти мамлакат ва роҳхои ҳаллӣ он, натиҷаҳои тадқиқоту таҳлилҳои бунёдиву амалии  мутахассисони варзидаи ватанӣ ва хориҷӣ мунтазам нашр мешавад. Институт ба ҳайси ҳамоҳангсози гурӯҳи «илмҳои иқтисодӣ» дар маҷаллаҳои «Ахбори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ва «Ҳисоботҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» фаъолият мебарад.

   Дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ 12 аспиранти бахши ғоибона, 48 нафар унвонҷӯён ва 28 нафар докторантони PhD таҳсил мекунанд. Дар Институт ҳамагӣ 63 нафар магистрант аз он ҷумла, 33 нафар соли якум ва 30 нафар соли дуюм таҳсил менамоянд. Мувофиқи фармоиши директори Институт ҳамаи аспирантон ва магистрантҳо ба шуъбаҳои илмии Институт вобаста карда шудаанд. Ҳама мавзӯъҳои корҳои дипломии магистрантон ва мавзӯъҳои корҳои диссертатсионии аспирантон аз қайди Маркази миллии патентӣ-иттилоотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, бо мавзӯъҳои илмӣ-таҳқиқотии Институт мувофиқ карда шудаанд.

   Бо фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №44 аз 27 октябри соли 2017 (тамдид №245 аз 8.11.2019 сол) Шурои диссертатсионии 6D.КОА-021-и назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – доктори илм аз рӯи ихтисос (PhD) аз рӯи ихтисосҳои 6D051000 – Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ва 6D051800 – Идоракунии лоиҳаҳо таъсис дода шуд. Ҳамчунин, аз рӯи дараҷаи номзади илми иқтисод ихтисосҳои 05.13.10 – Идоракунии дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, 05.02.22 – Ташкили истеҳсолот (аз рӯи соҳаҳо) ва 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии хоҷагии халқ (иқтисодиёти меҳнат, иқтисодиёти аҳолӣ ва демография, бехатарии иқтисодӣ) таъсис ёфта буд. Дар муддати чор соли фаъолияти Шурои диссертатсионӣ 57 нафар номзадҳои илм ва 2 нафар доктор аз рӯи ихтисос ( PhD) диссертатсияҳои худро бо муваффақият ҳимоя намуданд.

Фаъолияти табъу нашр дар 30 соли замони соҳибистиқлолӣ.

Дар давраи солҳои 1991-2021 нашр шудаанд:

Мақолаҳои илмиву оммавӣ – 1068 адад, аз он ҷумла, 135 мақола дар хориҷи кишвар;

Маҷаллаи илмии «Иқтисодиёти Тоҷикистон» – 24 шумора чоп шуд;

Китоб, монографияҳо – 117 адад.