joomla
free templates joomla

Осорхонаҳои АМИТ

ОСОРХОНАИ МИЛИИ БОСТОНИИ ТОҶИКИСТОН

1. Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон

Дар давоми соли 2022 кормандони Осорхона чунин корҳоро ба сомон расониданд:
Ҳамагӣ 2231 нафар меҳмонони дохиливу хориҷӣ аз Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дидан намуданд, ки аз ин шумора 782 нафарашонро мактаббаччагон, 806 нафарашонро донишҷуёни макотиби олии кишвар, 398 нафарашонро шаҳрвандони синну солошон гуногун ва 245 нафарашонро шаҳрвандони хориҷӣ таш-кил медоданд. Инчунин бахшида ба Рӯзи байнилмиллалии осорхонаҳо 18-уми май ба 920 нафар ва 41 нафар тамошобинон аз ҷониби конмандони осорхона ба таври ройгон экскурсияҳо гузаронида шуданд. Дар маҷмуъ шумораи умумии меҳмонони ватаниву хориҷии Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар соли ҳисоботӣ беш аз 2563 нафарро ташкил дод.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамкорӣ бо Осорхонаи миллии Тоҷи-кистон намоиши муваққатӣ таҳти унвони «Ҳулбук – нишоне аз таърихи тамаддуни миллати тоҷик» ташкил карда шуда буд. Дар ин замина дар мувофиқа 6 номгӯй нигора (экспонат) аз намоишгоҳ (экспозитсия)-и Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон муваққатан ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон интиқол дода шуд буд, ки онҳо дар яке аз толорҳои намоишии осорхонаи мазкур ба намоиш гузошта шуданд.
Тармимгарони Осорхона Р. Бурҳонов ва М. Раҳмонов бозёфтҳои ёдгории Тахти Сангинро барои омода сохтан ба намоиш ва чорабинии 18-уми май поксозӣ ва ҷобаҷогузорӣ намуданд. Аз ҷониби тармимгарони Осорхона муҷассамаи Буддо дар ҳолати Нирвана поксозӣ гар-дида, толори он ба мавсими сайёҳии 2021 омода карда шуд.
2. Осорхонаи мардумшиносии ба номи М.С. Андреев
Аз осорхона дар ин давра 291 нафар дидан карданд. Аз онҳо -меҳмонҳои хориҷӣ - 129 нафар, меҳмонони дохилӣ (мактаббачагон, до-нишҷӯён ва шаҳрвандон) - 1063 нафар мебошанд, дар маҷмуъ 55 экскурсия гузаронида шуданд.
Корҳои илмию таҳқиқотӣ:
Кормандони осорхона Т. Ашурмадова, Г. Бердиева, Сурайёи Д. дар конференсияҳои ҷумҳуриявии «Рушди ҳунарҳои мардумӣ дар давраи истиқлолият», «Ҳифз ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Рушди осорхонаҳо дар даврони истиқлолият», «Зан -сарчашмаи ҳаёт»; конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 40-солагии таъсисёбии Осорхонаи мардумшиносии Тоҷикистон; конференсияи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои санъату фарҳанг (ш.Урганчи Ҷумҳурии Ӯзбекистон) бо суханрониҳо ширкат намуданд. Ҳамчунин аз тариқи Шабакаи аввал ва ТВ Сафина доир ба ҳунари заргарӣ ва ёдгориҳои мисин, кулолӣ, нигораҳои абрешимии Осорхонаи мардумшиносӣ баромад намуданд.
3. Осорхонаи адабии ба номи С. Айнӣ
-ба рӯйхат гирифтани мавод ва омода намудани феҳристи бойгонии Осорхона;
-чоп намудани аксҳои нави устод Садриддин Айнӣ;
-нашри мақолаҳо доир ба рӯзгор ва осори устод ва ҳамзамон фаъолияти ҳамарӯзаи Осорхона;
-баргузор намудани шанбегӣ барои тозагии гирду атрофи Осорхона;
-тайёрӣ ба ҷашни 143-солагии зодрӯзи устод, ки 15-уми апрели соли 2021 таҷлил карда мешавад;
-пурра ба рӯйхат гирифтани маводи бойгонӣ (аз рақами 1 то 3730-и папкаҳо);
-омӯхтани маводи ба осорхона нав воридшуда аз ҷониби Эраҷ Айнӣ;
-омода намудани феҳристи мукаммали бойгонӣ;
-аз назар гузаронидан ва номнавис намудани китобҳои нодири осорхона.
4. Осорхонаи адабӣ-ёдгории Мирзо Турсунзода
Самти муҳимми фаъолияти Осорхонаро тарғибу ташвиқи корномаи мондагори шоири маъруфи тоҷик М. Турсунзода ташкил медиҳад. Дар ин самт кормандони Осорхона дар рӯзҳои ба нақшагирифтаи корӣ ҳамеша ба тамошобинон аз рӯзгори ибратбаши шоир маълумоти ҷолиб пешниҳод менамоянд.
«Феҳристи асарҳои М. Турсунзода ва адабиёти оид ба ӯ» дар ҳаҷми 350 саҳифаи чопи компютерӣ омада ва ба чоп супурда шуд.
5. Осорхонаи адабии Абулқосим Лоҳутӣ
Дар Осорхона аз тарафи кормандон корҳои зерин ба сомон расонида шуданд:
-Воситаҳои асосии осорхона аз нав ба рӯйхат гирифта шуд.
-Воситаҳои асосии осорхона аз нав рақамгузорӣ карда шуд.
-Экспонатҳои осорхона низ рақамгузорӣ карда шуд.
- Китобҳои китобхона ва китобҳои дар экспозитсия буда низ аз нав ҷо ба ҷо гузошта шуда ба шакли электронӣ дароварда шуд.
Дар ин муддат аз осорхонаи адабии- ёдгории А. Лоҳутӣ 130 нафар шаҳрвандӣ дохилӣ (донишҷӯён, шогирдони мактаб, омӯзгорони ДТТ), 2 нафар шаҳрванди хориҷӣ(Франсия) дидан намуданд.
6. Осорхонаи адабии Муҳаммадҷон Раҳимӣ
Дар Осорхона аз тарафи кормандон корҳои зерин ба сомон расонида шуданд:
-Омодасозии ҷевонҳо;
- Дар дафтари инвертарӣ қайд намудани китобҳои осорхона;
-Ба тартиб ва ҷобаҷогузорӣ баргаҳо;