joomla
free templates joomla

Ҳамкории байналмилалӣ

 Дар соли 2022 аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон лоиҳаи санадҳои зерини ҳамкорӣ таҳия гардида, ба имзо расонида шуданд:

- лоиҳаи Созишнома оид ба ҳамкории илмӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳия гардида, бо вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ мувофиқа карда шуд. Лоиҳаи Созишномаи мазкур раванди гузарони-дани расмиёти дохилидавлатиро пурра гузашта, тибқи муқаррарот ҷиҳати ҳамоҳангиҳои баъдӣ ба Вазорати корҳои хориҷӣ ирсол карда шуд. Вазорати корҳои хориҷӣ матни онро бо ҷониби Афғонистон мувофиқа намуда, тағйироту иловаҳои он ҷонибро барои ворид намудан ба матни лоиҳа ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод намуд. Бинобар сабаби вазъи мураккаб дар Афғонистон, баррасии минбаъда ва баимзорасонии созишномаи мазкур мавқуф гузошта шудааст.
- лоиҳаи Созишнома байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикис-тон ва Муассисаи федералии буҷетии давлатии “Маркази миллии таҳқиқотии “Институти Курчатов”” оид ба ҳамкориҳои илмӣ ва илмию техникӣ омода гардида, бо вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ мувофиқа гардид ва тибқи муқаррароти мавҷуда он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Аллакай Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси лоиҳаи созишномаи мазкур аз 30 июли соли 2021, №288 содир шудааст.
- Шартнома оид ба ҳамкории илмӣ-техникӣ байни Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба тасвиб расид, ки он барои рушди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар самти омӯзиши гиёҳҳои шифобахши кишвар ва дар ин замина ҷорӣ намудани коркард ва истеҳсоли номгӯи доруҳои сифатан бехатару судманди ватанӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
- лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳқиқ ва истифодаи фазои кайҳонӣ бо мақсадҳои осоишта таҳия гардида, бо вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ мувофиқа карда шуд ва айни замон санади мазкур дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
- Ёддошти тафоҳум байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷинвест”-и назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КВД “Тоҷинвест”) ва Ҷамъияти саҳҳомии “Корпоратсияи россиягии таҷҳи-зотсозии ракетавӣ-кайҳонӣ ва системаҳои иттилоотӣ” (ҶС “Системаҳои кайҳонии Россия”) ба имзо расид.
- дар доираи сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, байни АМИТ ва ВҲФ ҶӮ Созиш-нома оид ба ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба имзо расонида шуд.
- Лоиҳаи Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Туркия (TÜBA) омода карда шуда, раванди гузаронидани расмиёти дохилидавлатии он др марҳилаи ҷамъабастӣ қарор дорад.
- Ёддошти тафоҳум дар самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ байни Университети федералии Сибир (Федератсия Россия) ва АМИТ омода карда шуда, дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад;
- Шартномаи ҳамкорӣ оид ба ҷаъоварии маълумоти фазои инфра-сохтор байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Филиали Агентии Оғо Хон оид ба макони зист дар Тоҷикистон (кушодани Мар-кази таҳлилӣ ва таҳқиқотӣ) омода карда шудааст;
- Тафоҳумнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тадқиқоти бунёдӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Шӯрои тадқиқоти захираҳои обии Покистон омода карда шуда, дар раванди сафари Сарвазири Ҷумҳурии исломии Покистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2021 ба имзо расонида шуд.
- Созишнома байни Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар мубодилаи иттилоот дар соҳаи тадқиқоти сейсмологӣ, моҳи июни соли 2021 ба имзо расонида шуд;
- Академияи миллии илмҳо Тоҷикистон лоиҳаи Ёддошти тафоњум байни Шўрои таҳқиқотии илмҳои љомеашиносии Ҳиндустон (ICSSR) расмиёти дохилидавлатии мувофиқунониро гузашта, розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба имзо расонидани он гирифта шудааст.
Дар соли равон роҳбарияти АМИТ бо мақсади таҳкиму густа-риши ҳамкориҳои илмӣ бо намояндагони ташкилоту муассисаҳои илмии хориҷӣ, корпусҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои хориҷии муқими Тоҷикистон вохӯриҳои зеринро доир намуд:
- Бо намояндагони Ширкати дорои масъулияти маҳдуди "ЭКО ПЛАЗА ПРОЕКТ"-и Федератсияи Россия;
- Бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон ҷаноби Мишел Тарран;
- Бо роҳбарияти Донишгоҳи федералии Сибир;
- Бо роҳбарияти “Россотрудничество” ва Маркази илм ва фарҳанги Россия дар Тоҷикистон;
- Бо роҳбарият ва коршиносони Институти байналмилалии Осиё Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
- Бо намояндаи Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон;
- Иштирок (дар шакли маҷозӣ) дар Мизи мудаввар: “Истиқло-лият ва ҳамгироии илмӣ”, ки 24 марти соли 2021 дар Сафорати Ҷумҳу-рии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баргузор мегардад;
- Мулоқоти маҷозӣ бо ҷониби Россия вобаста ба МИТ “Помир-Чакалтой”;
- Мулоқоти маҷозӣ бо намояндагони Академияи илмҳои ҷамъият-шиносии Хитой;
- Бо директори Инстиути омӯзиши Осиёи Марказии Фаронса (IFEAC) Адриен Фов;
- Бо вазири маорифи Украина Шкарлет С.М.;
- Бо Сафири Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зекӣ
- Бо муовини Академияи таҳсилоти Федератсия Россия;
- Бо намояндагони ширкати “Роскосмос”.
Дар ин муддат Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати энергетика ва захираҳои об маълумоти мушаххас ва таклифу пешниҳодҳои муассисаҳои илмии худро вобаста ба ҳамкориҳо дар доираи ҷаласаи комиссияҳои байниҳукуматӣ бо Эрон, Маҷористон, Беларус, Россия, Покистон, Узбекистон, Туркманистон, Миср ва Қирғизистон ирсол намуд ва дар ҷаласаҳои корӣ дар сатҳи сардори Раёсат ва ноибони президенти Академияи миллии илмҳо намояндагон иштирок намуданд.
Дар муддат, дар асоси дастури роҳбарияти АМИТ бо дархости шуъбаи робитаҳои байналмилалии АМИТ Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Хитой китоби Б.Ғафуров “Тоҷикон”-ро бо забони хитоӣ тарҷума ва омодаи чоп намуданд.
Ҳамчунин робарият ва кормандони шуъба дар чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок ва баромад намуданд:
- Иштирок дар ҷаласаи 34-уми Ассосиатсияи байналмилалии академияҳои илмҳо (МААН) дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус 27 сентябри соли 2021
- Иштирок дар ҷаласаи Ассамблеяи генералии Шурои илмии байналмилалӣ тариқи онлайн (Фаронса) 21 сентябри соли 2021
- Гуфтушунидҳо дар рафти сафари гурӯҳи кории АМИТ ба Ҷумҳурии исломии Эрон ҷиҳати баррасии масъалаҳои вобаста ба ташкили парки илмии физикӣ дар заминаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.