joomla

19:23, 21st March 2019
Март 2019
ЯДСЧПҶШ
12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
free templates joomla

Саидуддини Фарғонӣ – орифи камошнои тоҷик

   Тасаввуф дар канори худ шахсиятҳои барҷастаеро чун Абӯсаид Абулхайр, Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ, Аҳмад Ғаззолӣ Ҷалолуддин Балхӣ, Фахруддин Ироқӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва амсоли инҳоро парвардааст.

   Бархе аз орифони форсу тоҷик дар сарчашмаҳои адабиву таърихӣ ба нудрат дучор омадаанд, ки дар мисоли ин орифи камошнои тоҷик Саидуддини Фарғонӣ низ қарор дорад.  

  Доир ба ҷараёни зиндагӣ ва фаъолияти адабии Фарғонӣ сарчашмаҳое, ки дастрас карда шуд, иттилои нокофӣ додаанд ва ё тамоман маълумот надодаанд. Ягона сарчашмае, ки роҷеъ ба Фарғонӣ мустақиман маълумоти нисбатан муфассалтаре овардааст, тазкираи ирфонии «Нафаҳот ал-унс»-и Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ мебошад. Ҷомӣ дар бораи ному насаб, устодон, фаъолият ва эҷодиёти Саидуддини Фарғонӣ ишороти ҷолибу мӯҷаз дорад. Ҳамчунин Сайид Ҷалолуддини Оштиёнӣ дар муқаддимаи «Машориқ ад-дарорӣ»-и Фарғонӣ перомуни ин ориф дар чанд мавзеъ таваққуф намудааст ва асосан иқтибосоташ аз асари мазкури Мавлоно Ҷомӣ мебошад.

   Ба ҷуз аз «Нафаҳот ал-унс», тақрибан дар ҳеҷ сарчашмаи дигар мустақиман оид ба Фарғонӣ иттилои муфассале дода нашудааст. Осим Иброҳим ал-Каёлӣ ад-Дарқовӣ, Алӣ Акбари Деҳхудо ва Абдулғанӣ Барзинмеҳр бошанд, танҳо номи шореҳ, устодон ва номи асарҳояшро зикр кардаанд. Рисолаву мақолоте, ки ғайримустақим ва ба воситаи дигар орифон роҷеъ ба Фарғонӣ ишороте доранд, асосан аз ду тариқ ба мо омада расидаанд:

1)                Ба туфайли шарҳҳои «Қасидаи Тоия»-и Ибн ал-Форизи Мисрӣ;

2)                Ба воситаи аҳвол ва осори устодаш Садруддин Қуниявӣ (ваф. 1275);

   Дар масъалаи аҳволи шореҳ аввалин матолиберо оид ба зодгоҳу ватани ӯ баррасӣ намуданӣ ҳастем, ки ба гунае дар ҳеҷ сарчашмаи адабӣ дарҷ нагардиддаст. Танҳо Сайид Ҷалолуддин Оштиёнӣ дар муқаддимаи «Машориқ ад-дарорӣ» дар асоси лақабаш ӯро аз сарзаминҳои Хуросон ва аз мардумони Фарғонаи Самарқанд донистааст.

   Номи пурраи шореҳ Саидуддин Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Муҳаммад буда, бо номи Саидуддини Фарғонӣ маъруф аст. Баъзе муҳаққиқон ба монанди Артур Ҷон Арберрӣ, Иброҳим Ёсин, Содиқ Хуршо аз ӯ бо номи Саъдуддини Фарғонӣ ном бурдаанд, аммо аксари дигари муҳаққиқон чун Абдурраҳмони Ҷомӣ, Ҳоҷӣ Халифа, Карл Броккелман, Алаб Ҷозеф Скотлен, Ҳаммодӣ Зувайб, Муҳаммад Мустафо Ҳилмӣ, Сайид Ҷалолуддин Оштиёнӣ  ва дигарон ӯро бо исми Саидуддини Фарғонӣ зикр намудаанд. Осим Иброҳим ад-Дарқовӣ дар муқаддимаи «Мунтаҳа ал-мадорик» ба ҳарду шакли номи Фарғонӣ ишорат намудааст. Аммо шояд аз рӯи иштибоҳ бошад, ки Сайид Ҷалолуддин Оштиёнӣ гуфтааст, ки Мавлоно Ҷомӣ аз Фарғонӣ бо номи Саъдуддин ном бурдааст, дар ҳоле, ки дар асоси нусхаи хаттии «Нафаҳот ал-унс»-и Ҷомӣ дар ганҷинаи дастхатҳои Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 5478 номи ориф Саидуддини ал-Фарғонӣ оварда шудааст. 

  Дар мавриди васфу лақабҳои шореҳ метавон чунин ибрози андеша намуд, ки баъзе шайхони аҳли тасаввуф ӯро ба сифати «Шайхи мо» ва «Сайиди мо» васф намудаанд, бинобар қавли Ҳаммодӣ Зувайб муаллифи мақолаи «Манзалату Садруддин ал-Қуниявӣ ва асаруҳу фи-л-фикр ал-исломӣ» (Манзалати Садруддин ал-Қуниявӣ ва таъсири он ба афкори исломӣ): «Садруддин Қуниявӣ аз ӯ бо унвонҳои «Сайиди мо», «Шайхи комил» ва «Муҳақиқ» ном бурдааст».

   Аз таърихи вилодат ва айёми наврасии Фарғонӣ ҳеҷ яке аз сарчашмаҳо иттилоъ надодааст. Танҳо ҳамин қадараш маълум аст, ки ӯ дар қарни XIII зиставу эҷод намуда, аз муосирони Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ ва Фахруддини Ироқӣ маҳсуб ёфта, ҳамчунин бо онҳо мулоқот доштааст. Абдурраҳмони Бадавӣ дар асари хеш «ал-Инсон ал-комил фӣ ал-ислом» оварда, ки «Фахруддин Ироқӣ дар маҷлисҳои Садруддин Қуниявӣ ҳозир мешуд». Вобаста ба ин матлаб Бадруддин Мақсудов дар китоби худ «Ҷустуҷӯ дар аҳвол ва осори Ироқӣ» аз ҳаққи устодӣ доштани Қуниявӣ бар Ҷалолудини Румӣ, Фахруддини Ироқӣ, Саидуддини Фарғонӣ ва дигарон тазаккур додааст. Агар чунин бошад, дигар шакке дар мулоқоти Фарғонӣ бо Ироқӣ намемонад. Ҳоҷӣ Халифа дар бораи мулоқоти Фарғонӣ бо Ҷалолуддини Румӣ чунин ҳадс мезанад: «Ҳикоя кардаанд, ки Фарғонӣ нахуст онро (шарҳи қасидаи Тоияро- Х. А.) ба Ҷалолуддини Румии Мавлавӣ хонда, сипас ба форсӣ ва арабӣ шарҳ дода, номи онро «Мунтаҳа ал-мадорик» номид». Гузашта аз ин, Осим Иброҳим ад-Дарқовӣ дар муқаддимаи «Мунтаҳо ал-мадорик» Ҷалолуддини Румиро аз устодони Фарғонӣ хондааст.

  Дар радифи орифону сӯфиёни бузург қарор гирифтани Фарғонӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки ӯ низ аз ҷумлаи фозилону урафои замони худ ба шумор мерафт. Мавлоно Ҷомӣ дар «Нафаҳот» ӯро чунин тавсиф намудааст: «Шайх Саидуддин ал-Фарғонӣ, - раҳимаҳуллоҳ- вай аз камоли арбоби орифону акобири асҳоби завқу виҷдон будааст.».

  Ӯ ирфону тасаввуфро назди шайхони бузурги суфия омӯхтааст. Тасаввуфи ӯ аз тариқи Наҷибуддин ибни Барғаши Шерозӣ (ваф.1280) ба Шаҳобуддини Суҳравардӣ (1155-1191) мерасад. Мавлоно Ҷомӣ низ дар «Нафаҳот» ба ин силсилаи устодону шайхони Фарғонӣ ишорат намудааст.

  Фарғонӣ ҳамчунин назди яке аз суфимашрабони машҳури қарни XIII Садруддини Қуниявӣ муридӣ кардааст. Мулоқоти онҳо дар сарзамини Миср сурат гирифтааст.

  Пас аз ин мулоқот риштаи дӯстиву устодӣ ва муридии Фарғонӣ бо Қуниявӣ мустаҳкам гардида, бо ҳам муносибати хеле наздик барқарор намуданд. Сипас Фарғонӣ аз устоди хеш шарҳҳои ирфонии қасоиди суфияи бузург, ба монанди Ибн ал-Арабӣ ва Ибн ал-Фориз, ба хусус қасидаи «Назм ад-дурар»-и Ибн ал-Форизро омӯхта, мазомини онро дар ҷавҳари хеш ҳазм намуд.

  Шавқу лаззати фаҳму дарки қасоиди Ибн ал-Фориз Фарғониро бар он водор сохт, ки шарҳе ба форсӣ бар «Тоия»-и ӯ таълиф намуда, муқаддимаи нофеъ ҷиҳати фаҳми асли қасида нигошта , онро бар назари устоди хеш Қуниявӣ пешкаш намуд. Устод бар он муқаддима навишт ва Фарғонӣ онро аз рӯи таяммуну табаррук бар садри шарҳи хеш қарор дод. Сипас Қуниявӣ бар муриди хеш дастур дод, то шарҳи форсияшро ба забони арабӣ низ шарҳ диҳад, то ҳамаи донишмандони сарзаминҳои исломӣ аз он баҳраманд гарданд.

  Фарғонӣ шарҳи форсии хешро «Машориқ ад-дарорӣ» ва шарҳи арабияшро «Мунтаҳа ал-мадорик» номгузорӣ намуда, муқаддимаҳои некӯе бар онҳо навишт, ки дар олами ирфон назире надоранд, ба хусус муқаддимаи шарҳи арабӣ, ки шомили олитарин мабоҳиси ирфонӣ мебошад.

  Аз рӯзгори вопасини ориф маълумоти кофие дар даст надорем, ҳамин бароямон маълум аст, ӯ миёни солҳои 1300-1301 чашм аз олам пӯшидааст. Осим Иброҳим ад-Дарқовӣ вафоти орифро соли 1292 ишорат намуда, қайд мекунад, ки ин қавли ақаллияти уламост. Аз осори Фарғонӣ танҳо ду асари ӯ ки дар шакли нусхаҳои хаттӣ дар китобхонаҳои гуногун мавҷуд буда, ҳамчунин борҳо ба табъ расидаанд, шарҳҳои қасидаи «Тоия»-и Ибн ал-Фориз мебошанд:

  1. «Машориқ ад-дарорӣ» (шарҳи форсии қасида);
  2. «Мунтаҳа ал-мадорик» (шарҳи арабии қасида).

Дигар аз асарҳоу ӯ иборатанд аз:

  1.  «Минҳоҷ ал-ибод ило ал-маод фи ал-мазоҳиб ал-арбаа»;
  2. «Мадориҷ ал-иътиқод»;
  3. «Шарҳ фусус ал-ҳикам»;

Ба ҷуз ду шарҳи қасидаи Ибн ал-Фориз дигар асарҳои ӯ, мутаассифона, дастраси мо нагардиданд ва шояд дар оянда имконоте падид ояд, ки нусхаҳои хаттии онҳо пайдо шуда, дар шакли чопӣ пешкаши хонандагону алоқамандони осори Фарғонӣ гарданд.

 

Холов Аълохуҷа

аспиранти Институти забон ва адабиёти

 ба номи  Рӯдакии  АИ ҶТ  

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан