joomla

17:00, 24th June 2019
Июн 2019
ЯДСЧПҶШ
1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30
free templates joomla

Вожаи “озодагон” дар “Шоҳнома”

     «Шоҳнома»-и  безаволи  Фирдавсиро  ба  он   фасоҳату  барҷастагие, ки  дорад,  мутолиа  мекунем, дар  зеҳни мо  фикри  чи  гуна навиштану даврабандӣ  ва  дар    китобсӯзиҳову  фарҳангнесткуниҳои  аҷнабиён  боқӣ  мондан  ва  аз  ҷиҳати  рӯҳиву  равонӣ  тавонистани  эҷодаш  ба  ҳайрат меоварад.  Чун  асарро  якчанд маротиба  бо диққат  мутолиа  мекунем,  дармеёбем,  ки  воқеан Фирдавсии  Тӯсӣ  шахсияти  комили  башар  аст. Маҳз  ӯ  тавонистааст,  ки  дар  таърихи  пурасрори  забону  адаби  мо  бо чунин  бузургиву  комилият  асар  биофарад  ва  фарҳангу таърихи моро ба  ҷаҳониён  муаррифӣ  намояд.

      Доир ба Фирдавсӣ ва  «Шоҳнома»-и ӯ дар Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон мақолаҳо ниҳоят  зиёданд, аммо бояд  иқрор шуд, ки  бештари онҳо ба соҳаи  адабиётшиносӣ  бахшида  шуда,  ба ҷиҳати забонии асар  ишораҳое мавҷуд  мебошанд (6,21).

   «Шоҳнома»-и  Фирдавсӣ аз ҷиҳати арзиши бадеии худ, - менависад Б. Ғафуров, - дар радифи  барҷастатарин асарҳои ҳамосии  адабиёти ҷаҳон қарор гирифтааст (4, 517).   Меҳнати  якумраи ӯ- « Шоҳнома»- гуфта буд  С.  Брагинский (3, 276).  Дар ҳақиқат аз тарафи як шахс ба ин миқдор  ва ба ин мазмуну мундариҷа офаридани чунин ҳамоса нишони камолоти  ақлӣ  ва  физиологии  тафаккури инсонист.

      Устод  С. Айнӣ суханони мунаққиди  асри 19  Зиёпошои Усмониро  аз туркӣ тарҷума карда меорад:   «  Фирдавсӣ  барои ба вуҷуд овардани  «Шоҳнома»  30 сол ранҷ  кашид.  Дар ҳақиқат як асари  намурданӣ ба вуҷуд овард.   Тулӯи    офтобро  дар 120 ҷой 120 ранг тасвир кард, ки яке ба дигаре монанд нест” (1, 103).

     Аз ин нуқтаи   назар  омӯзиши  забони   “Шоҳнома”, ки ифодакунандаи  забони адабии тоҷик аст, зарур мебошад.   Барои  омӯзиши  пурраи  забони «Шоҳнома»  як ё ду рисолаи тадқиқотӣ  нокифоя аст.   Аз ин сабаб ба мавзуъҳои ҷудогона , яъне ба соҳаҳо ҷудо  карда таҳқиқ намудани  ин шоҳасар ба мақсад мувофиқтар аст.

      Мавзӯи  « Истилоҳоти этникӣ дар «Шоҳнома»»  то ҳол аз тарафи касе таҳқиқ нашудааст.  Ин мавзуъ ниҳоят васеъ буда, тадқиқи он дар асоси  «Шоҳнома»  барин асари энсиклопедӣ аҳамияти калон пайдо мекунад.

       Муаллифи    «Сарви  сояафкан»  Муҳаммад  Исломи  Нудушан  мегӯяд:  « Дар  «Шоҳнома»  ҳар миллату  ҳар  сарзамин  метавонад  худро  дарёбад»  (8, 1).   Мо  тоҷикон низ дар баробари  дигар  халқу миллатҳои  эрониюласл, бояд  хешро  дар  «Шоҳнома»  ёбему мавриди таҳқиқ  қарор  диҳем.

        Дар мавриди таърих ва маънии  «тоҷик» дар байни донишмандону назариячиёни  дохиливу хориҷӣ фикру ақидаҳои  гуногун  ва пурихтилоф зиёд буд, ки яке тоҷикро турк, дигаре форс ва сеюмӣ мехостанд араб муаррифӣ  намоянд. Аммо  таърих, сарчашмаҳои таърихӣ, ва  ҳастии забони тоҷикиву  абармардони  он ( Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Муҳсин  Умарзода ва  садҳои дигар-Ё.Ш)  исбот менамоянд, ки он на турку на арабу на форс аст.  Бо вуҷуди он ки мо тоҷикон  бо форсҳо хешигарии наздик дошта бошем ҳам (аз гурӯҳи забонҳои эронӣ буданамон-Ё.Ш.), аммо  як нестем.

        Муҳаққиқи  зиндаёд  Муҳсин Умарзода дар мақолаи « Маънии тоҷик» аз нигоҳи бархӯрдҳои таърих ё  бехудиҳои  муаллифи  «Худро бишнос»  дар ин маврид хеле тадқиқоти  пурарзиш  ва  густурдае  дорад, ки бо истифода аз сарчашмаҳои раднопазири таърихӣ ба ҳамаи душманони  забони  тоҷик  ҷавоби дандоншикан додаанд.  Салоҳ мешуморам  то аз он дурдонаи таърих сатре иқтибос биорам.

      ӯ дар таҳқиқоташ  мегӯяд:  - Албатта, мо, тоҷикон, ифтихор дорем, ки бо мардуми пуристеъдоди форс ҳамнаҷод ва ҳамзабон ҳастем, адабиёти мо дар тӯли асрҳо муштарак буд, замонҳое  буданд, ки тоҷикҳою форсҳо дар таҳти як давлат зиндагӣ мекарданд. Вале тоҷикҳо ҳеҷ гоҳ форс набуданд ва аз ин рӯ «тоҷик» маънои форсро намедиҳад. Форсҳо аслан сокинони ҷануби Эрони имрӯза буданд, ки аз қавми порт ба вуҷуд омадаанд.  Онҳо дар катибаҳои ҳахоманишӣ ба таври  «parthava»  номида шуданд; ҷузъи аввали ин ном, яъне  «parth»  шакли дигаре  аз  «paarsa» мебошад, ки ҳар ду ба як маънӣ буда, бар, канор, паҳлӯ гуфтан  аст. Ин номро модҳо ба ду қавми эронинажод—парса ва партҳава  доданд,  ки яке дар ин паҳлӯ ва дигаре дар он паҳлӯи кишвари мод мезистанд.  Ин ном бо мурури замон соида шуд ва ба сурати «pars» ва «parthav» даромад.  Дуввумӣ  бошад,  дучори  дигаргунии наве  гашта, «r» ба «l» ва «th»  ба «h» табдил  ёфт ва калима ба сурати  «palhav»  даромад, сипас  ҷои  «l»  ва  «h» иваз  гардиду калимаи паҳлав ба вуҷуд омад.   Дар натиҷа забони эрониёни аҳди  сосонӣ «pahlavi», (паҳлавонӣ) номида шуд. (Калимаи имрӯзаи  «pahlavon»  ба маънии  далеру зӯрманду қаҳрамон аз ҳамин ҷост). Лафзи «pars» бошад, «pors» шуд, аммо арабҳо онро ба талаффузи худ мувофиқ  гардонданду  дар  шакли  «fors»  вирди  забони   халқҳо  гардид(7,6).

      Барои боз ҳам тақвият додани  тадқиқоти  устод  Муҳсин Умарзода руҷуъ мекунем ба яке аз сарчашмаҳои  раднопазири  таърих   «Шоҳнома»-и  Фирдавсии  Тӯсӣ.  Дар ин шоҳасар  бармало  мушоҳида  мекунем,  ки  порсӣ  дигар забон  асту  паҳлавӣ  дигар.

Набиштан  яке  на,   ки  наздики  сӣ,

Чи  румӣ,  чи  тозиву  чи  порсӣ,

Чи  суғдӣ,  чи чиниву чи  паҳлавӣ,

Нигоридани он куҷо бишнавӣ (Ҷ.1, 58).

      Тоҷикон аз аҳолии  қадимтарини Мовароуннаҳру Хуросон буданд,  ки аҷдодони қадимаи онҳо,  чи тавре  ки аз китоби муқаддаси  зардуштиён  «Авасто» бар меояд, худро  « арийя»  меномиданд,  ки маънояш  боор ва шариф аст.  Номи нахустин манзилгоҳашон  «Айириана» - ваэҷаҳ»  яъне   «ватани ориёиён»   будааст, ки  бино бар ақидаи садҳо муҳаққиқони  дохиливу  хориҷӣ,  ин сарзамин ноҳияҳои  Хева ва  Хоразми кунунӣ аст.  Худи калимаи  Хоразм  дар  «Авасто»  ба шакли  «Хваризам» омадааст,  ки аз он лафзи  имрӯзаи тоҷикӣ- хур, ховар ба маънии офтоб ва шарқ, инчунин мухаффафи  замин аён мебошад(6,5).

         Умуман дар тӯли асрҳо кӯшишҳои зиёд барои барҳам задану  нест кардани  фарҳангу забон ва сарзамини тоҷикон дар шаклҳои  гуногун ба вуқуъ пайвастааст.  Вале бо вуҷуди  тамоми кӯшишҳо   тоҷикон на ин ки беқувват нагаштанд,  балки  бештару беҳтар худро   дар ҳар замон ҷудо ва бо  муодилҳои таърихии   забони хеш мусаллаҳ гардонидаанд.  Имрӯз мо вазифадор ҳастем,  ки онҳоро ба  мардум муаррифӣ  намоем.

      Ҳамчунин, шоир дар баробари  паҳлавию  паҳлавонӣ  муодили дигари тоҷик – «озодагон»-ро хеле зиёд истифода кардааст. Ҳоло бошад,  мо бо истифода аз луғату фарҳанг ва «Шоҳнома» мекӯшем то бештар ин истилоҳи этникиро, ки баёнгари  ҷузъе аз гузаштагони мо аст,  мавриди таҳқиқ қарор диҳем.   Вожаи  озодагон  ҷамъоҷамъ 98 маротиба дар 9 ҷилди  «Шоҳнома»-и безавол  истеъмол  гашта,   решаи таърихӣ дорад.

     Озодагон  вожаи  сохта буда, аз решаҳои озод ва пасванди ҷамъсозии –гон сохта шудааст. Пасванди гон дар баробари шакли ҷамъ сохтан боз хусусияти соҳибият ва ба маҳал вобаста будани ашёро ифода мекунад (5).

      Яке аз машҳуртарин  муодили  истилоҳи тоҷик  дар таърихи забонамон вожаи  озодагон  мебошад, ки бо  синонимҳои дигари таърихиаш  ( арийя «Авасто» ), ( озода, озодмард, озодагон, озодаманиш, дарӣ,  паҳлавӣ, паҳлавонӣ  «Шоҳнома»)    хеле зиёд аз ҷониби муаллифон ба маънои тоҷик истифода гаштааст.  Вожаи мазкур аз решаҳои  « ийр» ё «Айир»-и  Авастоӣ ба маънии  «озода»,  «озодагӣ»  ва  «озодагон»  баромадааст(7,5).

        Истилоҳи озодагон аз озод аст, ки дар Фарҳанги забони тоҷикӣ ба маънии “касе, ки ӯ мамлуки касе набошад ва номи дарахтест, ки дар Ҷурҷон рӯяд ва онро дарахти тоқ низ гӯянд. Ва ба маънии рост ва ба ҳамин маънӣ итлоқи озод бар сарви ростқомат кунанд ва ба маънии муҷаррад ва беайб ва комил (аз “Сироҷ-ул-луғот”) ва низ дар “Сироҷ-ул-луғот” аз “Рашидӣ” нақл карда, ки савсани озод аз он аст, ки баргҳояш рост бошанд ва аз Сомонӣ нақл карда, ки сарвро аз он озод гӯянд, ки дасти хазон ба ӯ нарасад (10)

       Ҳоло барои  бештару беҳтар шинос гаштан ба вожаи  озодагон  ба ҷилдҳои гуногуни «Шоҳнома» руҷуъ карда аз ҳар ҷилд як ду байт мисол меоварем ва дар поёни байт дар қавсаён аз чандум ҷилд ва саҳифа буданашро бо рақам ишора менамоем.

Нишаста ба дар – бар гаронмоягон,

Ба парда – дарун ҷойи  озодагон (Ҷ.1, 155).

      Фирдавсӣ номи шахсиятҳои бузургеро пайиҳам оварда  аз қавми тоҷик будани онҳо  ишора мекунад.

Ба Тусу ба Гударзи кашводагон,

Ба  Геву  ба Гургини озодагон (Ҷ.2, 117).

Ё дар ҷойи дигар

Бузургони  Эрон бад- он базмгоҳ,

Шаванд анҷуман номвар як сипоҳ.

Чу Тусу чу Гударзи Кашводагон,

Чу Баҳрому чун Геви  озодагон (Ҷ.2, 185).

       Дар  «Шоҳнома»  шоир озодагон ё  паҳлавию  палавонӣ  гуфта ба яке аз гӯишҳои қадимаи гурӯҳи  забонҳои эронӣ ишора мекунад.  Ҳамчунин, номи қавми аллакай мустақил ва эътирофшудае, ки худро  паҳлавону  озодагон меномиданд.

Бифармуд бастан камаршон ба ҷанг,

Сӯи шаҳри Турон шудан бедиранг.

Сипоҳдор Гударзи кашводагон,

Ҳамон паҳлавонону озодагон (Ҷ.5, 16).

      Дар аксари фарҳанг ва сарчашмаҳои муътамад  озода 1.тоза, озода, ороставу пероста 2.таър. асил ва наҷиб, ҷавонмард, озодаманиш, озодагон кит. эрониёни қадим, яке аз номҳои тоҷикон (9,904) баён шудааст.

Чу аз дарди он дуда омад ба ҷӯш,

Чунин гуфт бо нолаву бо хурӯш:

« Дареғо  гаво Геви рӯинтано,

Ҷаҳондору шамшерзан Бежано».

Бигуфт ину ҷома зи сар то ба пой,

Бидаррид чиниву руми қабой.

Ба озодагон пир Гударз гуфт,

Ки « Фаррух касе к-аш бувад хок ҷуфт(Ҷ.6,32).

Шоир  тоҷиконро қавми далеру  шуҷоъ ва нотарс нишон дода мегӯяд:

Сӯи  Тайсафун рафт ганҷу буна,

Сипоҳе намонд аз ялон як тана.

Ҳама вижа гурдону  озодагон,

Биёмад сӯи Озарободагон (Ҷ.9,86).

Ва аммо дар ҷойи дигар аз забони пири донишманд сухан гуфта, таъкид ба мардони озода мекунад ва онҳоро аз танбаливу коҳилӣ ҳушдор медиҳад.

Чӣ гуфт он сухангӯи озодмард,

Ки озодаро коҳилӣ банда кард (Ҷ.1,65).

          Чи хеле ки таърих исбот кардааст,  гурӯҳи забонҳои  эронӣ  дар тамоми Осиё  паҳн гаштаанд, махсусан  тоҷикон  ва онҳо худро  озодагони арабу озодагони ҳинд муаррифи мекарданд:

Бад- ӯ гуфт Хусрав, ки  « номи ту чист,

Куҷо рафт хоҳиву  коми ту чист?»

Бад-ӯ гуфт:  « Ман Қайс бин Ҳорисам,

Аз озодагони араб ворисам,

Зи  Миср омадам бо яке корвон,

Бар ин корвон- бар манам сорвон (Ҷ.9, 412).

      Озодагонро арабҳо аҳрор гуфтаанд ва вожаи аҳрор ҷамъи ҳур аст, ки ҳамон озодро баён мекунад. Дар ин маврид ба китоби Муртазо Мутаҳаррӣ руҷуъ шавад, ки «Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом» номгузорӣ шудааст.

      Хулоса,  забони  «Шоҳнома»  чун забони  содаю  равон  барои таҳлилу  тадқиқи таърихи забони адабӣ маводи пурқиммат ба шумор меравад ва чун асари  дорои арзиши  маънавию фарҳангӣ  тамоми хусусиятҳои  забони давраи навинро фаро  гирифтааст.     Он амсоли  хазинаест,  ки ҷӯянда  аз  миёни  ҷавоҳироти пурқиммат имкони онро дорад,  ки мувофиқи ҳиммати хеш  дурру гуҳар  интихоб намуда,  саррофона истифода  барад.

Адабиёт

1.  Айнӣ  С.  Намунаи адабиёти тоҷик.- М., 1926.-617с.

2. Афсаҳов  А.  Таҳқиқи  «шоҳнома»  дар Эрон//  Садои Шарқ.-1977.-№9.-с.145-148

3. Брагинский  И.С.  Из  истории таджикской и персидской  литература.- М.:  Наука, 1972.-524с.

4. Ғафуров  Б.Ғ.  Тоҷикон.- Душанбе: Ирфон, 1983.-кит.1.-704с

5. Ғиёсуддин Муҳаммад. Ғиёс-ул-луғот. Ҷ.1/М.Ғиёсуддин.-Душанбе:Адиб,1987.-480с.

6.  Исматов  С. М.  Тоҷ андар  «Шоҳнома».-Душанбе, 2009.-183с.

7.  Муҳсин Умарзода. Мақолаи  “Маънии  “тоҷик” аз нигоҳи бархӯрдҳои таърих ё бехудиҳои муаллифи “Худро бишнос”, 10.08.2013.сайт: referatdoki-ru/uroki-2/manoi-kalimai-tojik

8. Нудӯшан  М.А.   Сарви  сояафкан.- Теҳрон, 1369.-174с.

9. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд).Ҷ.2/зери таҳрири С.Назарзода.-Душанбе,2008.-945с.

10. Фарҳанги забони тоҷикӣ.Ҷ.2/зери таҳрири М. Шукуров ва диг.-М.:СЭ.1969.-947с.

11. Фирдавсӣ   Абулқосим.  Шоҳнома (иборат аз 9 ҷилд)  Абулқосим  Фирдавсӣ.-Душанбе: Адиб, 1987-1991 ( ҳамин нусха чопи электронӣ- 10 ҷилд).

                                                               Асперанти АИ ҶТ 

                                                     Ёраҳмадзода Шодиҷон Рамазон

 

 

 

Тавзеҳот илова шавад


Коди ҳифозатӣ
Нав кардан