joomla

22:08, 22nd January 2019
Январь 2019
ВПВСЧПС
12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031

ВЛИЯНИЕ КОМБИНИРОВАННОГО ЗАСОЛЕНИЯ ПОЧВЫ НА РОСТ, РАЗВИТИЕ И ПРОДУКТИВНОСТЬ ПШЕНИЦЫ В ЮЖНОМ ТАДЖИКИСТАНЕ

    Известно, что в последнее время мировое сообщество обеспокоено проблемой глобального изменения климата на земном шаре, так как изменение климата представляет серьезную угрозу для окружающей среды....

Вода – залог развития

       С установлением мира и национального единства в Республике Таджикистан прошло немного времени, но миролюбивость и единство нашей нации уже приносит свои плоды. По непосредственной инициативе Ли...

free templates joomla



Фоторепортажи

» «
  • Поздравительная речь президента АН РТ
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6

ДАРГУЗАШТИ ИСРОИЛ ИСМОИЛОВ

     (27.10.1939 – 28.03.2016) Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андӯҳи бузург хабар медиҳад, ки 28 марти соли 2016 қалби доктори илмҳои физикаю математика, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими хизматнишондодаи илму техника ИСМОИЛОВ ИСРОИЛ аз тапидан бозмонд.

     Исроил Исмоилович 27 октябри соли 1939 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Соли 1962 факултаи физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи А. Навоиро хатм намуда, ба сифати муҳандис -таҳқиқотчӣ ба ш. Новосибирск ба кор фиристода шуда, то соли 1963 дар он ҷо фаъолият намудааст.

     Аз соли 1963 инҷониб Исроил Исмоилович дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмхои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Дар институт фаъолияти меҳнатиашро аз ходими хурди илмӣ сар карда, то ба мудири лаборатория расидааст.

     Ба фаъолияти илмӣ аз соли 1965, аз лаҳзаи дохил шудан ба аспирантураи Институти физикаи ба номи П.Н. Лебедеви АИ ИҶШС дар лабораторияи радиофизикаи квантӣ, зери роҳбарии физики барҷастаи замони муосир, дорандаи мукофоти Ленинӣ ва ҷоизаи Нобелӣ Н.Г. Басов шурӯъ кардааст.

     Соли 1968 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Полупроводниковые квантовые генераторы на основе соединений А3В5 и их твердых растворов» ҳимоя карда, аз соли 1969 дар институт ба корҳои илмӣ ва ташкилотӣ фаъолона машғул мешавад ва  лабораторияи «Электроникаи квантӣ»-ро таъсис дода,  роҳбарии онро ба зимма гирифтааст.

     Рисолаи докториро  Исроил Исмоилович соли 1981 дар мавзӯи «Лазерное излучение и люминесценция фосфида индия и твердых растворов на его основе» дар Институти физикаи ба номи П.Н. Лебедеви АИ ИҶШС ҳимоя кардааст.

     Корҳои илмии Исроил Исмоилович асосан ба таҳқиқ ва коркарди лазерҳои нимноқилӣ дар кристаллҳои якҷинса бо таъсири нуравшонӣ дар майдони магнитӣ бахшида шуда, дар тӯли фаъолияти илмиаш зиёда аз 170 мақола, аз он ҷумла 5 монография ба чоп расонидааст.

     Исроил Исмоилович ҳамчун олими барҷаста ва устоди боҳиммат дар самти тайёр намудани мутахассисони илмӣ-педагогӣ саҳми беандоза гузоштааст. Таҳти роҳбарии ӯ 5 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд. Барои хизматҳои шоён дар назди ватану миллат Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исроил Исмоиловичро  бо чандин ифтихорномаҳои фахрӣ ва нишонҳои сарисинагӣ сарфароз гардонидааст.

     Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҳамкорон ва шогирдон аз марги нобаҳангоми устод Исроил Исмоилович сахт андӯҳгин буда, он касро  ҳамчун олими намоён, шахси инсондӯст, дӯсти меҳрубон, ҳамсӯҳбати ҳозирҷавоб фаромӯш намекунанд.

 

Раёсати Академияи илмҳои

Ҷумҳурии Тоҷикистон